Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорони корпартои тоҷик комёб шуданд


Пас аз 12 рӯзи корпартоии муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург ширкати "Алфа-Строй" ба додани ҳаққи заҳмати онҳо маҷбур шуд.

Наздик ба 300 бинокори муҳоҷир аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Сербия ва Русия аз 27-уми ноябр ба нишони эътироз аз пардохт нашудани моҳонаҳои худ коршиканӣ эълон карда, талаби худро на танҳо ба сарони ин ширкат, балки ҳамчунин ба мақомоти давлати Русия ва матбуот расонданд.

Додситонии шаҳри Екатеринбург бо қазия шинос шуда, иҷрои талаби муҳоҷиронро зери назорат гирифт. Он дастур дода буд, ки моҳонаи мардикорон то 3-юми декабр пардохт шавад. Аммо ширкати "Алфа-Строй", ки иҷрокунандаи тарҳи сохтмон буд, коршарикаш - ширкати фармоишгар "СКА"-ро айбдор кард, ки дастмузди коргаронро интиқол надодааст.

"СКА" дар навбати худ ин иттиҳомотро рад мекунад ва тасмим гирифтааст, ширкати иҷрокунандаро иваз кунад. Дар ин ҳол маълум, ки муҳоҷирони эътирозгар аз кор дар сохтмоне, ки "СКА" анҷом медиҳад, дур карда хоҳанд шуд. Вале Авазбек Авазов, сарвари муҳоҷирони коршикан дар Екатеринбург, мегӯяд, муҳоҷирон кори худро дар ширкати "Алфа-Строй" идома медиҳанд.

Аммо мудири бахши кори иттиҳодӣ дар Федератсияи иттиҳодияҳои касбии вилояти Свердлов Василий Деркач мегӯяд, коршиканӣ роҳи хубу муносибе барои ҳифзи ҳуқуқи коргарон нест. Ҷаноби Деркач, ки ташаббускори таъсиси иттиҳодияи касбии муҳоҷирони иқтисодист, мегӯяд, аввалан хуб аст, ки одамон аз ин ҳодиса таҷрибаи талаби ҳуқуқи худ ва пешбарии сарварони худро пайдо карданд. Аммо танҳо иттиҳодияи касбист, ки метавонад, аз такрори чунин ҳаводис дар оянда пешгирӣ кунад.

Ба ин пешниҳоди Деркач раиси ҷомеъаи тоҷикон дар вилояти Свердлов, Фаррух Мирзоев мухолиф нест, аммо меафзояд, набояд чунин иттиҳодия коргаронро ба бумию муҳоҷир, таҳҷоиву омада тақсим кунад.

XS
SM
MD
LG