Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ


Хонуми узбак, муҳоҷири корӣ дар Прага
Хонуми узбак, муҳоҷири корӣ дар Прага

Элчину модаркалонаш ҳар моҳ мунтазиранд. Мунтазири пуле, ки хешовандонашон аз хориҷ мефиристанд.

Зиёфат Иброҳимова ва наберааш Элчин дар Озарбойҷон ба сар мебаранд. Онҳо мисли миллионҳо сокини Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ аз ҳисоби пуле зиндагӣ мекунанд, ки хешовандонаш дар муҳоҷирати корӣ касб мекунанд.

Назар ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ соли 2007-ум муҳоҷирони корӣ ба ватанҳояшон беш аз 300 миллиард доллар ирсол намуданд, ки он омили муҳим дар коҳиши камбизоатӣ будааст. Вале бо ишора ба рукуди иқтисодӣ дар мамолики ғарбиву Русия Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор медиҳад, ки шояд имсол муҳоҷирон ба ватанҳояшон пули камтар фиристанд.

Гулбаҳори 36-сола дар Узбакистон муаллимаи таърих буд. Ҳоло ӯ дар яке аз меҳмонсароҳои шаҳри Прага бо поккорӣ машғул буда, дар ватан рӯзгори оилаашро таъмин мекунад. Гулбаҳор тариқи Вестерн Юнион ҳар моҳ ба хонааш 500 доллар мефиристад.

Рустами 41-сола дар Узбакистон муҳандис буд. Имрӯз ӯ дар Ҷумҳурии Чех афсари амниятии фурӯшгоҳ буда, имкон ёфтааст, таъмини молии оилаашро бар дӯш гирад. Рустам низ пули худро ба воситаи Вестерн Юнион мефиристад, вале муҳоҷирони дигар тавассути шинос ва ё ронандаҳои автобус мефиристанд.

Омори расмӣ дар бораи пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ назар ба воқеият поинтар аст, зеро бахши зиёди он ба воситаи роҳҳои ғайри расмӣ ирсол мешавад. Вале сарфи назар аз омори расмӣ аллакай таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ ба даромади муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо эҳсос мешавад.

Дар ҳоле ки иқтисоди кишварҳои олам ба ларза бо мушкил мувоҷеҳ шудааст, муҳоҷирони корӣ дар рӯ ба рӯи интихоби душвор қарор доранд: ё ба имконоти маҳдуд тан дода, дар ҳиҷрат боқӣ монанд ва ё ба ватан баргашта, дар вартаи қашшоқӣ фурӯ раванд.

Remittances: The Ties that Bind
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

XS
SM
MD
LG