Барнома бо хабарҳои тоза аз мусобиқоти ҷаҳонӣ оғоз мешавад.
Сипас, дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни устодон дар шаҳри Минск маълумот медиҳем.
Инчунин шунавандагонро бо натоиҷи бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон ва мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Султон Мирзоев, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ошно хоҳем кард.
Дар охири барнома сӯҳбате дорем бо раиси Федеросиюни каратэ-кюкушини Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Кароматов.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.