Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои раҳоӣ аз бӯҳрон


Бонки марказии Амрико эълом кард, ки ба хотири ташвиқи фаъолияти бонкҳои кишвар қарзҳои кутоҳмудати ин бонкҳоро харидорӣ мекунад.

Интизор меравад, акнун бонкҳои хусусӣ додани вомҳо ба бонкҳои дигар ва корхонаҳоро аз сар мегиранд. Ин қарзҳои кӯтоҳмуддат ҳамчун “авроқи қиматбаҳо” маъруфанд ва маъмулан ба онҳо на бонкҳо, балки сармоядорон сармоягузорӣ мекунанд. Ин пулҳо маъмулан бо фоизи хеле паст дар ҳудуди як рӯз ё як ҳафта баргардонда мешавад. Аммо дар пайи пеш омадани вазъи изтирории молӣ бонкҳо аз додани чунин қарзҳо худдорӣ мекунанд, чунки онҳо намедонанд, ки оё муштариҳояшон аллакай ба бахшҳои хатарноки иқтисод мисли бозори вомҳои манзил сармоя гузоштаанд ё хайр.

Бидуни ин қарзҳои кутоҳмуддат корхонаҳои хурд ва дигар бонкҳо ба сармояи лозим барои фаъолияти ҳамарӯзаашон дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Ба ҳамин иллат, бисёри ширкатҳо имкон надоранд маоши кормандонашонро саривақт бипардозанд ва ҳатто маҷбуранд қатъи фаъолият кунанд.

Бонки марказӣ гуфт, манбаъи алтернативии пули нақдро таъмин хоҳад кард. Эъломияи Бонки марказӣ ҳамагӣ ним соат пеш аз оғози кори бурси марказии Ню-Йорк садо дод. Ҳангоми кушоиш шохиси Доу Ҷонс нахуст рушди мусбат дошт, аммо дар давоми рӯз қиммати саҳом боз ба сӯи шеб ҳаракат кард.

Поин рафтани шохисҳои фаъолияти саноъатии кишварҳои Аврупо низ дар давоми тамоми рӯз ба назар мерасид. Низоми молии Русия низ аз бӯҳрон сахт азият мекашад ва ҳукумати он кишвар тасмим гирифтааст барои дастгирии бонкҳои кишвар қариб 1 триллион рубл, муодили тақрибан 40 миллиард доллари амрикоӣ ихтисос диҳад.

Русия ҳамчунин ба як кишвари аврупоӣ, Исландия, ки узви Иттиҳоди Аврупо нест, барои ҷилавгирӣ аз муфлисшавии низоми бонкиаш воми муодил ба 4 миллиард евро пешниҳод намуд.

XS
SM
MD
LG