Нигаронӣ зиёд аст, ки мавҷи фурӯпошии бонкҳо хотима намеёбад. Аз ин рӯ, бузургтарин бонкҳои марказии олам бо мақсади пешгирӣ аз изтироби саросарӣ хазинаи хосе ташкил намуда, садҳо миллиард долларро барои наҷоти бонкҳо истифода мебаранд. Бонки марказии ИМА эълон кард, ки барои наҷоти бонкҳо 180 миллиард доллар тахсис медиҳад. Бонки марказии Аврупо, Бонки Ҷопон Ҷопон, Бонки миллии Швейсария, Канада ва Англия ба ин иқдоми Бонки марказии ИМА пайравӣ карданд. Сипас дар як изҳороти муштарак бонкҳои марказӣ иброз доштанд, ки амали ҳамоҳангшшудаи онҳо барои рафъи фишор болои бозорҳо тарҳрезӣ шудааст.
Вазири молияи Британия Аластаир Дарлинг дар иртибот бо ин иқдом гуфт, акнун ҳукуматҳо ва нозирон бояд боҷуръат ва зуд амал намуда, назму суботи низоми молии ҷаҳонро барқарор кунанд. Ба лаҳни содда гӯем, ин пулҳо барои харидории саҳмияҳо аз сармоягузорони ноором истифода мешаванд.
Шумори зиёди сармоягузорон аз саҳмияҳо халос шуда, барои наҷоти пулашон ба тилло рӯй оварданд. Дар натиҷа нархи як унси секаратаи тилло аз 785 то 865 доллар боло рафт.
Бо ҳадафи ором намудани бозорҳо президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳам тариқи телевизион ба мардуми Амрико муроҷиат кард. Ӯ гуфт, ки зоҳиран бозорҳо ба вазъи фавқулода мутобиқ шудаанд. Дар айни замон, президенти ИМА таъкид кард, ки маъмурияти зери раҳбарии ӯ муроқибати бозорҳоро идома медиҳанд. Раисҷумҳури ИМА ишора кард, ки ҳафтаи равон ӯ сафарҳояш ба иёлатҳои Алабама ва Флоридаро лағв кард, то дар Қасри Сафед берунрафт аз бӯҳронро назорат кунад.
Иқдомҳои дирӯза ба бозори The Dow Jones таъсири мусбат гузошт, нархи саҳмияҳо дар ин бозор 400 нуқта боло рафтанд. Бонки LloydsTSB-и Британия эълон кард, ки бар ивази 22 миллиард доллар бонки сармоягузории HBOS-ро харидорӣ намуд. Дар Амрико ҳоло ҳама интизоранд, ки сарнавишти боз як бонки сармоягузорӣ Morgan Stanley чӣ мешавад.