Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои бурс: суқути шохиси саҳом


Рад шудани барномаи 700-миллиардолларӣ аз тарафи вакилони конгресси Амрико ин умедвориҳоро, ки аз амиқрафти буҳрон дар бозорҳои молӣ ҷилавгирӣ мешавад, камтар кард ва қимати саҳмияҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба андозае поён омад, ки баъзе аз кишварҳо дар таърих шоҳиди он нашуда буданд. Шохиси сиҳом дар Иёлоти Муттаҳида 8 дарсад ва дар бозорҳои молии кишварҳои Осиё аз чаҳор то панҷ дарсад суқут кард, ки дар Иёлоти Муттаҳида дар 38 соли ахир ва дар Ҷопон таййи қариб 4 соли ахир мушоҳида нашудааст.

Решаи аслии бӯҳрони молӣ дар Амрико, ба гуфтаи иқтисоддонон, қарзҳоест, ки барои харидани хона ба теъдоди зиёди амрикоиёни камдаромад додаанд. Ба далели он ки ин қарздиҳандагон натавонистанд, фоизи қарзҳои гирифтаи худро ба бонкҳо пардозанд, бонк ва муассисаҳои молии зиёде дар Амрико ва хориҷ аз он гирифтори мушкилоти молӣ шуданд.

Тоҷирону бонкдорон умедвор буданд, ки конгресси Амрико бо тасвиби барномаи 700-миллиардолларӣ иҷоза хоҳад дод, то ҳукумат қарзҳои бефоидаи бонку муассисаҳои молиро бихарад. Аммо? ҷавоби радди вакилон, умедҳоро барбод дода ва чунин тӯфонро дар бозорҳои молӣ барангехт. Асароти ин тӯфон дар бозорҳои Аврупо имрӯз башиддат эҳсос шуд ва саҳмиядорони зиёде маъюсона шоҳиди он буданд, ки чӣ гуна арзиши саҳмияҳояшон поён меравад.

Бӯҳрони молӣ рӯзи охирини сентябр низ як муассисаи молии дигареро дар Аврупо қурбон кард. Дексиа Груп ном муассисаи азими молии Белгия, ки бо бонкҳои Амрико ҳамкории зич дошт, ба бӯҳрон дучор шуд ва ҳукумати Белгия эълом кард, ки барои наҷоти он ҳамроҳ бо Фаронса чанд миллиард евро ихтисос медиҳанд. Пештар аз ин, бонки дигари Белгия, Фортис, ки миллиардҳо евро сармоя дошт, дучори ҳамингуна сарнавишт дучор шуд ва ҳукуматҳои Белгия, Ҳолланд ва Люксембург бо пардохти пули бисёре онро ба як бонки нимадавлатӣ табдил доданд. Аз тарси он ки напазируфтани барномаи наҷоти молии ҳукумати Амрико рӯзи бонкҳои дигари Аврупоро низ сиёҳ хоҳад кард, Иттиҳоди Аврупо бо нашри баёнияе аз давлати Амрико хост, “мардонагӣ” нишон дода ва нагузорад, то бӯҳрони молӣ амиқтар равад. Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ҳукуматаш саъй дорад, то вакилонро барои пазируфтани барномаи наҷоти молӣ моил кунад. Вай аз вакилон даъват кард, то барномаи 700 миллиардолларӣ бипазиранд, дар акси ҳол иқтисоди Амрико дучори рӯзҳои сахте хоҳад шуд.

Дар Русия, ки мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аст, арзиши саҳмия дар бозорҳои молӣ ба шиддат поён омад ва то ба андозае, ки масъулон ин муомилот бо саҳмияҳоро муваққатан боздоштанд. Амиқтар рафтани бӯҳрон дар Амрико ва таъсири бештари он ба бозорҳои молии ҷаҳон ва аз ҷумла Русия хабари баде барои Тоҷикистон ҳам хоҳад буд, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои муҳоҷирони корӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG