Онҳо даъват кардаанд, ки дар сатҳи байнулмиллалӣ низ барои мубориза бо бӯҳрони сартосарии молӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад, зеро ин бӯҳрони молӣ ҳамаи бозорҳои ҷаҳониро фаро гирифтааст. Тибқи хабарҳои ахир, дар баррасиҳои муқаддамотӣ ҳар ду маҷлиси Конгресси Амрико - Сенат ва ҳам Маҷлиси Намояндагони Амрико - тарҳи наҷоти молии давллатро напазируфтанд.
Дар ҳамин ҳол, Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ки акнун кишвараш раёсати Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда дорад, таъкид кардааст, ки ин бӯҳрон бояд дар сатҳи байнулмиллалӣ ҳал шавад. Дар ҳошияи иҷлоси солонаи Маҷмаъи Умумии СММ дар сатҳи вазирон мулоқоте баргузор шуд ва ширкаткунандагони он низ хотирнишон сохтанд, ки бӯҳрони молии кунунӣ дар Амрико ба мавзуъҳои муҳими байнулмиллалӣ, аз қабили мавзӯъи мубориза бо терроризм, соя афкандааст.
Як рӯз пеш аз ин изҳорот Бонки Марказӣ ва вазорати умури хазинадории Амрико ба таври якҷониба аз Конгресси Амрико хостанд, ки бар иловаи тадбирҳои қаблии андешидашуда барои ҳали бӯҳрон тарҳи наҷоти молии 700 миллиард доллариро ба тасвиб расонад. Ба дунболи он ҳар ду номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико Борак Обама ва Ҷон Маккейн эҳтиёткорона ба тахсиси 700 миллиард доллар вокуниш нишон додаанд ва таъкид кардаанд, ки қабл аз тасвиби ин маблағ бояд масъала ҳамаҷониба омӯхта шавад, то пардохткунандагони молиёт аз ин зарар набинанд.
Рӯзи сешанбе, дар рӯзи пешниҳоди тарҳи наҷоти молӣ дар Амрико назархоҳие анҷом гирифт. Натиҷаҳои ин назархоҳӣ нишон медиҳад, ки аз ҳар се шаҳрванди Амрико ду нафар мухолифи ин тарҳи наҷотанд ва гуфтаанд, ки Обама дар сурати интихоб метавонад ин бӯҳронро беҳтар ҳал кунад. Дар ҳоле, ки аксарият ба тарҳи наҷоти молии давлати Амрико мухолифат нишон додаанд, расидагӣ ба сабабҳои варшкастагии ширкатҳои бузурги молии Амрико оғоз шудааст.
Бино ба гузоришҳо, Эф Би Ай, ё пулиси федероли Амрико ин фарзияро низ аз мадди назар дур намекунад, ки мумкин аст чанд муассисаи бузурги молӣ, аз ҷумла Бонки Лемон Бразерз, ба фасод роҳ дода, муштариёни худро сохтакорона муфлис ва ба доми фиреб дароварда бошанд.
Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки ахиран ҳудуди 30 миллиард доллар аз Амрико ба бозорҳои аврупоӣ сарозер шудааст ва мумкин аст он дар бозорҳои молии Аврупо асар гузорад.