Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таборгароӣ дар сиёсат


Сарвазири нави Русия Виктор Зубков ва дар паси ӯ -- президент Путин.
Сарвазири нави Русия Виктор Зубков ва дар паси ӯ -- президент Путин.

Баъди пешбарӣ шудани Виктор Зубков ба маснади сарвазири Русия вазири дифоъи кишвар Анатолий Сердюков аризаи истеъфо навишт. Низомии воломақом ташреҳ кард, ки ӯ домоди Зубков аст ва дар як ҳукумат кор кардани пайвандон хилофи қавонин ва одоби давлатдорист. Аммо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз пазируфтани аризаи истеъфои Сердюков худдорӣ кард ва ӯро дубора вазири дифоъ таъин намуд.

Аз нигоҳи коршиносон, ин далели ягонаи таборгароӣ ва пайванди хешовандӣ дар ҳукумати Русия нест - ҳарчанд қавонини кишвар дар мақомоти раҳбарии идораву муассиса ва вазоратхонаҳо ҳамроҳ кор кардани пайвандонро манъ мекунанд, ба назар мерасад, ки непотизм ва ё таборгароӣ миёни, ба истилоҳ, элитаи Русия ба як амри воқеӣ табдил меёбад. Ахиран маҷаллаи “Коммерсант Власт”, чопи Маскав дастикам 35 далели пайванди наздики хешовандӣ миёни мақомоти Русияро ошкор кард.

Борис Немтсов – сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ташреҳи жарф реша давондани таборгароӣ дар ҳукумати Путин изҳор намуд, ки як сабаби ин - беэътимодии раисиҷумҳур ба сиёсатмадорони, ба истилоҳ, бегона аст: "Ман чунин мешуморам, ки ин амали нек нест ва шаҳодати камбуди кадрҳо дар раёсати Путин аст – бубинед, тули як ҳафта раисиҷумҳур гоҳ дар Сочи гоҳ дар Москав гоҳ дар Кострома дар андешаи он буд, ки чӣ гуна ҳукуматро таъсис кунад. Ва, ба истилоҳ, аз хирс муш зода шуд. Чаро? Барои он ки раисиҷумҳур ба касе бовар надорад ва ба ҳама бо шубҳа менигарад ва теъдоди афроди “эҳтиётӣ” басо кам аст ва аз ин рӯ ҳарчанд кишвар бузург аст ва афроди боистеъдод зиёданд, зимомдорон маҷбурданд аз ин доираи маҳдуд афродеро барои табдили дигарон ҷустуҷӯ кунанд."

Оё имкон дорад ду вазир ҳамсари ҳамдигар бошанд?
Коршиносон мегӯянд, ки таборгароӣ ва пайвандҳои хонаводаӣ дар мақомот метавонад боиси рушди фасод дар кишвар бигардад. Аз сӯи дигар, он аксар вақт боиси сар задани мухолифат миёни ба истилоҳ, “кланҳо” ё сулолаҳои хонаводаӣ мегардад, ки ғолибан ба кори ҳукумат таъсири амиқ мегузорад.

Дар ҳукумати федеролии Русия ба ҷуз падарарӯсу домод ҳамчунин зану шавҳар кор мекунанд – Виктор Христенко вазири саноат ва энержии Русия аст ва хонуми ӯ Татяна Голикова вазири сиҳати омма ва ҳифзи иҷтимоӣ. Дмитрий Устинов – писари вазири адлия Владимир Устинов – домоди раиси ситоди Кремл Игор Сечин аст. Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ва сарвазири ҷумҳурӣ Ода Бойсулатов - хоҳарзодаи ҳамдигаранд.

Равобити хешовандӣ, ба вижа, дар ширкатҳои бузурги Русия бештар ба чашм мерасад. Андрей Патрушев – писари раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия мушовири Шӯрои руасои ширкати давлатии Роснефт аст, писари дигари ӯ Дмитрий – курсии муовини раиси бонки давлатии Внешторгбанкро ишғол кардааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ равобити наздики хешу таборӣ дар мақомоти олии ҳукумат аҳён-аҳён мушоҳида мешуд ва ба ҳайси намуна соҳиби мақоми муовини вазири умури дохилаи Иттиҳоди Шӯравӣ шудани домоди Леонид Брежневро меоваранд. Ва аммо ин раванд замони қудрати раисиҷумҳури пешини Русия Борис Елтсин рушд кард ва кор то ҷое расид, ки расонаҳои хабарии кишвар дар матолиби худ оид ба ҳукумат вожаи нав – “оила”-ро истифода мекарданд.

Адам Белов, муаллифи китоби “Ситоиши таборгароӣ” мегӯяд, ки аз нигоҳи ӯ, рушди непотизм дар ҳукумати Русия ва ҳукуматҳои дигар кишварҳо як раванди табиист – раванде, ки онро наметавон ба осонӣ аз байн бурд. Адам Белов

Духтари президент Эмомалӣ Раҳмон Озода раиси Раёсати консулгарии Вазорати умури хориҷӣ таъин гардид.
меафзояд, ки таборгароӣ ҷиҳатҳои мусбат низ дорад ва он, аз ҷумла, эътимод миёни аъзои ҳукуматро тақвият мебахшад. Ба гуфтаи ӯ, таборгароӣ ва пайванди хонаводагӣ дар ҳама ҳукуматҳо вуҷуд дошт - ҳам замони салтанати Рум, ҳам айёми қудрати сулолаҳои импературии Чин ва ҳам даврони муосир, аз ҷумла, дар кишварҳои демократии олам: "Дар ҳама ҳукуматҳо хоҳ демократӣ бошанд ва хоҳ не, раванди робитаҳои хонаводагӣ вуҷуд дорад ва ин аз аввал, аз замони салтанати Рум шурӯъ шуда муддати зиёд рушд кард ва ба тадриҷ чун як синфи сиёсӣ ташаккул ёфт."

Гуфта мешавад, ки дар ин миён Иёлоти Муттаҳида низ истисно нест. Раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷон Кеннедӣ бародараш Робертро Додситони кулли кишвар таъин карда буд. Ҳилларӣ Клинтон - хонуми президенти пешини Амрико Билл Клинтон узви Сенат интихоб шуд ва ҳоло аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аст.

Дар маъмурияти пешини раисиҷумҳури феълии Амрико Ҷорҷ Буш Майкл Пауэл – писари Котиби давлатӣ Коллин Пауэл курсии Раиси комиссюни федеролии мухобиротро ишғол карда, Элай Чао – хонуми сенатор Макконел вазири кори Иёлоти Муттаҳида ва духтари ноиби президент Дик Чейнӣ ёвари Котиби давлатӣ буданд.

Дар ҳукумати Тоҷикистон Озода Раҳмон, раиси бахши консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон духтари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Саъдуллоев бародари ҳамсари президент раиси "Ориёнбанк" мебошанд. Инчунин чанде аз аъзои ҳукумат ва мансабдорони сатҳи миёна бо ҳам хешу таборӣ доранд.

XS
SM
MD
LG