Баҳсҳо ва сару садоҳои атрофи Корхонаи алюминиум аз барканории Абдуқодир Эрматов аз симмати раисии ин Корхона дар моҳи декабри соли 2004 шурӯъ шуданд. Оқои Эрматов баъдан муовини вазири иқтисод ва тиҷорат таъин шуд, аммо пас аз ду рӯзи барканориаш аз раёсати Корхонаи алюминиум, додситонии кулл нисбат ба вай ва сармуҳосиби корхона Муҳаммадӣ Кӯчаров парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сару садоҳо баланд шуданд, ки сабаби боз шудани ин парванда ва барканор гардидани оқои Эрматов аз раёсати Корхонаи алюминиум дӯстии ӯ бо фармондеҳи собиқи горди раёсати ҷумҳур Ғаффор Мирзоев будааст.
Бо ин вуҷуд Абдуқодир Эрматов аз Тоҷикистон ба Маскав ва аз он ҷо ба Ландан фирор кард. Дар моҳи июл мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Ландан мурофиаи додгоҳӣ бо даъвои раёсати феълии Корхонаи алюминиум ҷараён дорад ва дар ин муҳокама Абдуқодир Эрматов ва Аваз Назаров, раиси ширкати «Ансол», ки тайи солҳои 1999-2004-ум шарики тиҷории Корхонаи алюминиум буд, ба ҳайси ҷавобгар ширкат меварзанд. Тибқи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти Корхонаи алюминиум аз сӯйи ширкати «Прайс вотер ҳауз Куперз», тайи шаш соли ҳамкорӣ Эрматов ва Назаров ғайриқонунӣ 220 миллион доллари амрикоӣ даромади корхонаро аз худ кардаанд.
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, дар ин робита зимни як нишасти хабарӣ гуфт, Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи алюминиум бо имзои як шартнома бо ширкати «Хаммер» 126 миллион доллари амрикоиро, ки барои хариди ашёи хом ба муассиса нигаронида шуда буд, аз худ кардааст ва бо ин маблағ дар Ландан барои худу фарзандонаш якчанд манзил харидорӣ кардааст:
"Аз ин маблағ ба корхонаи арзиз ягон килограмм гилхок ворид нашудааст. Гузашта аз ин Эрматов бар иваз алюминиуми тайёрро ба ин ширкат пешниҳод месозад ва ҳамин тариқ ба корхонаи алюминиум ва Тоҷикистон зарари ҷиддии молӣ мерасонад. Онҳо мехостанд, корхонаи алюминиумро қарздор ва муфлис карда, ба ин восита ин корхонаро хусусӣ гардонанд. Ғарази онҳо ҳамин буд."
Ва аммо ҳам Адбуқодир Эрматов ва ҳам Аваз Назаров худро муҷрим надонистанд, балки боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи худро аз ҷониби додситонии кулли ин кишвар таъқиби сиёсӣ ҳисобиданд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин муҳокама дар нимаи дуюми моҳи декабр анҷом меёбад, аммо то кунун мурофиаи мазкур идома дорад. Корхонаи алюминиум дар ҳоли ҳозир ба додгоҳҳои байналмилалии иқтисодӣ ду даъвои дигар пешниҳод карда ва хостори ҷуброни моддӣ шудааст.
Дар моҳи марти соли 2006 қарор аст дар шаҳри Ландан муҳокимаи додгоҳӣ тибқи даъвои ширкати «Ансол» доир гардад, ки дар он ба ҷуз Корхонаи алюминиум, инчунин ширкати «РусАл», роҳбараш Олег Дерипаска ва «Ориёнбонк», раисаш Ҳасан Саъдуллоев ба ҳайси ҷавобгар иштирок мекунанд. Ҳамзамон ширкати байналмилалии «Гидро алюминиум» низ Корхонаи алюминиуми Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидааст. Сабаб ин аст, ки алюминиуми ин корхона бинобар бемасъулиятии ширкати миёнарави «Ансол» ба «Гидро алюминиум» нарасидааст. Натоиҷи ин мурофиа низ ҳанӯз эълон нашудаанд.
Мавзӯи дигари баҳсу музокирот атрофи фаъолияти Корхонаи алюминиум дар соли 2005 масъалаи эколожӣ буд. Ширкати «РусАл»-и Русия изҳор кард, ки дар таҷдиди Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ширкат меварзад ва бо насби фанноварии муосир ду коргоҳи ҷадид дар ин корхона таъсис медиҳад. Аммо мақомоти Ӯзбакистон ба якборагӣ аз ин тасмими «РусАл» интиқод карданд ва мӯҳтавои эътирозашон ин буд, ки коргоҳҳои нави Корхонаи алюминиум ба муҳити зист ва сиҳҳатии сокинони навоҳии сарҳадии Ӯзбакистон зарар меорад. Аз ин лиҳоз Ӯзбакистон аз Корхонаи алюминиум тақозо кард, ба хотири бехатарии эколожӣ дар навоҳии сарҳадиаш бо Тоҷикистон, аз бунёди коргоҳҳои нав худдорӣ кунад.
Дар пайи эътирозҳои ҷониби Ӯзбакистон раёсати «РусАл» низ гуфт, Корхонаи алюминиум қабл аз ҳама бояд ба бехатарии муҳити зист таваҷҷӯҳ кунад ва пасон ин ширкат ба таҷдиди корхонаи мазкур шурӯъ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов баҳсҳои эколожии атрофи Корхонаи алюминиумро бепоя хонд ва гуфт, ин баҳсҳо қабл аз ҳама заминаҳои сиёсӣ доранд.
Рауфҷон Мӯъминов, масъули дафтари иттилооти Корхонаи алюминиум мегӯяд, таҷҳизоти махсуси ҳавотозакунии корхона 98 дар сади ҳамаи партовҳои зараровари корхонаро ҷаъоварӣ мекунад ва ин партовҳо дубора коркард мешаванд.
Ва аммо Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон дар иқтисоди ин кишвар чӣ нақш дорад? Ба иттилоъи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли 2005 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 825 миллион доллари амрикоӣ мол содир шудааст ва ҳудуди 65 дар сади онро танҳо алюминиум ташкил медиҳад.
Талбон Бухоралиев, масъули бахши саноати вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, Корхонаи алюминиум дар соли 2005 ҳудуди 380 ҳазор тонна алюминиум тавлид кардааст, ки ин ба як миллиарду 711 миллион сомонӣ баробар аст. Беш аз 40 дар сади ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишварро моли Корхонаи алюминиум ташкил мекунад. Ба гуфтаи оқои Бухоралиев, пас аз он ки ширкати «РусАл» дар ин корхона ду коргоҳи ҷадидро бунёд мекунад, ҳаҷми тавлиди солонаи алюминиум ба 700 ҳазор тонна хоҳад расид. Барои сохтмони ин коргоҳҳо 160 миллион доллари амрикоӣ масраф хоҳад шуд ва онҳо то соли 2008-ум бояд мавриди истифода қарор гиранд.
Ширкати «РусАл» ҳамчунин дар вилояти Хатлон низ мехоҳад ду корхонаи алюминиум бо иқтидори 200 ҳазор тонна алюминиум дар як сол бунёд кунад ва барои ин 600 миллион доллари амрикоӣ ихтисос доданист.
Ва аммо таваҷҷӯҳи хоси сармоягузорони хориҷӣ ба соҳаи саноати кишвар, бавижа ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон миёни коршиносон ақидаеро ба бор овардааст, ки имкон дорад ояндаи наздик ин корхона ба як муассисаи хусусӣ бадал шавад.
Ба иддаои гурӯҳе аз коршиносон, ин корхона дар остонаи муфлисшавӣ қарор дорад ва пас аз чанд сол бинобар афзоиш ёфтани қарзи он дар назди мақомот ва ширкатҳои дигар, корхона бо нархи арзон фурӯхта мешавад. Дар ҳоли ҳозир Корхонаи алюминиум танҳо дар назди вазорати энержӣ беш аз 21 миллион доллари амрикоӣ қарздор аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ин корхона то як соли дигар, яъне соли 2007 яқин ба ширкати хусусӣ бадал нахоҳад шуд.
Метавон гуфт, тақдири ин корхонаи азимтарини тавлидгари алюминиум дар минтақа бо ҷамъи ҳудуди 10 ҳазор кормандаш дар соли нави милодӣ мушаххас мегардад. Дар ин сол муҳокамаҳои додгоҳии корхона анҷом ёфта ва эҳтимол аз ҳисоби ҷуброни рӯёнидашуда қарзҳои корхона пардохт мешаванд. Дар ҳоли акс, имкон дорад дар соли 2007 ҳатто масъалаи хусусӣ гардонидани ин муассиса пеш ояд.