Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минрӯбони тоҷик аз Афғонистон баргаштанд


Як ҳайати 23 - нафараи минарӯбони Тоҷикистон баъди таҷрибаомӯзии 10 -рӯза дар Афғонистон ба ватан баргашт.

Шаҳринисо Давлатова, танзимгари яке аз барномаҳои миллии Маркази масоили минаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ҳайати тоҷикӣ дар се бахш, огоҳсозӣ, кӯмак ба ҷабрдидагони мина ва минарӯбӣ аз ҳамкорони афғонистониашон таҷриба андӯхтанд.

Афғонистон дар садри кишварҳои ҷаҳон меистад, ки сарзаминашон аз ҳама беш минакорӣ шудааст. Тибқи иттилоъи расмӣ тайи ҳудуди 30 соли таҷовузи Шӯравӣ ва баъдан ҷангҳои дохилӣ ва ҳамчунин даврони режими Толибон дар ҳудуди 720 метри мураббаъ замини ин кишвар минакорӣ шудааст. Теъдоди тахминии минаҳо 10 миллион дона аст. Дар Афғонистон 7 созмони минарубии хориҷиву миллӣ фаъолият мекунанд ва тибқи иттилоъи расмӣ, то ҳол ҳудуди сеяки минаҳои кишвар безарар гардонида шудаанд. Хонум Давлатова гуфт, кулли раванди минарубӣ дар Афғонистон таҳти назорати Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.

Тибқи иттилоъи Маркази масоили минаи Тоҷикистон ҳудуди беш аз 32 млн. метри мукааби ин кишвар минтақаи эҳтимолии минакоришуда маҳсуб мешавад. Ва то ҳол ҳудуди 1 млн 200 ҳазор метри мукааб замин аз мина поккорӣ шудааст. Дар Тоҷикистон 5 созмони минарӯбӣ фаъолият мекунанд, ки умдатан бо кумакҳои байнулмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

XS
SM
MD
LG