Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон минаҳоро аз марз мебардорад


Акс аз сомонаи Маркази минрӯбии Тоҷикистон
Акс аз сомонаи Маркази минрӯбии Тоҷикистон

Ҳукумати Узбакистон бо ирсоли нота ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз поксозии 14 майдони минаи воқеъ дар марзи ду кишвар иттилоъ додааст.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, поксозӣ моҳҳои июлу август дар самти минтақаи Чорсуи шарқи Узбакистон, ки бо қисмати ғарбии навоҳии Айниву Турсунзодаи Тоҷикистон ҳаммарз аст, сурат гирифта, 65 мина тариқи инфиҷор нобуд шудааст. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир, ин иттилоъ тафтиш мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минрубии Тоҷикистон гуфт, ба воқеияти изҳороти мақомоти Ӯзбакистон шубҳа дорад. Ба андешаи ҷаноби Раҷабов, ҷониби Ӯзбакистон бояд намояндагони кишварҳои ҳамсоя, созмонҳои зидахли хориҷиву байнулмилалиро даъват карда, нишон диҳад, ки дар ҳақиқат бо ин кор машғул аст.

Оқои Раҷабов афзуд, ҷиҳати поксозии майдонҳои минаи марзҳо ниҳодаш чандин маротиба тавассути Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Ӯзбакистон хостааст, ки як гурӯҳи корӣ созмон дода шавад, аммо он ҷониб посухе надодааст.

Майдонҳои минаи марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон соли 2000 баъди кӯшишҳои размандагони Ҳаракати исломии Узбакистон барои вуруд ба ин кишвар арзи вуҷуд карданд ва ҳоло ба яке аз мушкилоти умдаи миёни ду ҳамсоякишвар табдил ёфтаанд.

Тайи 7 соли гузашта дар ин майдонҳо ҳудуди 80 табааи Тоҷикистон кушта ва беш аз 80 тани дигар захмӣ шудаанд.

Моҳи июни соли равон Узбакистон барои аввалин бор дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо расман эълом дошт, ки ба поксозии майдонҳои минаи марзҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG