Ба ин нукта дар гузориши навбатӣ дар робита ба татбиқи Созишномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи тавлид ва истифодаи минаҳои зиддинафар ишора шудааст. Ин гузориш ахиран дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева муаррифӣ гардид.
Дар гузориш вазъ дар чаҳор кишвари дигар – Фаронса, Нигерия, Бритониё (манзур ҷазираҳои Фолкланди Бритониё аст) ва Венесуэла бештар нигаронкунанда арзёбӣ шудааст, зеро ин кишварҳо то ҳанӯз ба амалиёти поккорӣ аз минаҳо шурӯъ накардаанд. Тайи як соли ахир боз ҳафт кишвар нобудсозии минаҳои зиддинафарро анҷом доданд ва то имрӯз 81 кишвар тақрибан 42 миллион адад ин маводи марговарро комилан аз байн бурдаанд.
Дар гузориш ба коҳиши теъдоди қурбониёни инфиҷори минаҳо назар ба солҳои қаблӣ таъкид шудааст. Соли 2006, ба иттилоъи Созмони Милали Муттаҳид, инфиҷорҳо ба риштаи умри 5751 нафар миқроз задаанд ва ин назар ба як соли пеш 16 дар сад камтар аст. Ва аммо дар ин миён теъдоди қурбониёни таркишҳо дар Покистон, Мянмар ва Сомалӣ афзоиш ёфт. Аз чаҳор се ҳиссаи кушташудагон мардуми осошта ва 34 дар сади қурбониёни осоишта кудаконанд.
Ба гуфтаи Стивен Гус, корманди Пажуҳишгоҳи таҳқиқи халъи силоҳи Созмони Милали Муттаҳид, аз як сӯ, теъдоди қурбониёни минаҳои зиддинафар коҳиш ёфтааст ва аммо аз сӯи дигар, ҳадди ақал дар ду кишвар – Русия ва Мянмар то ҳанӯз ҳам аз минаҳои зиддинафар истифода мешавад. Ӯ меафзояд, ки дар Русия аз ин минаҳо фақат дар Чеченистон кор мегиранд ва аммо дар Мянмар онҳо истифодаи густарда доранд.
Дар гузориш ҳамчунин омадааст, ки имрӯз тақрибан 7 миллиону 300 ҳазор нафар сокинони 63 кишвари олам ба таҳдиди таркиши минаҳо мувоҷеҳанд.
Муаллифон навиштаанд, ки соли гузашта маблағгузории амалиётҳои поксозӣ аз минаҳо низ афзоиш ёфт – кишварҳои гуногун барои ин ҳадаф 475 миллион доллар ҷудо карданд, ки назар ба як соли пеш тақрибан 100 миллион доллар бештар аст.
Иёлоти Муттаҳида барои поксозии майдонҳои минакоришуда тақрибан 95 миллион доллар тахсис додааст. Комиссиюни Аврупо барои ин ҳадаф 87 миллион доллар ҷудо кард. Норвегия, Канада, Ҳуланд, Ҷопон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб низ дар сармоягузории ин амри воқеан хайр саҳм гирифтаанд.
Зимнан, соли гузашта ба Тоҷикистон барои амалиёти поксозии майдонҳои минакоришуда беш аз 1 миллион доллар ирсол гардид.
Тоҷикистон ба ду мушкили марбут ба поксозӣ аз минаҳо мувоҷеҳ аст, аз як сӯ, дар дашту дамани пур аз минаҳо дар манотиқи ҷангзада, алалхусус, дар навоҳии шарқии кишвар ва аз сӯи дигар дар манотиқи марзӣ, ки аз сӯи кишвари ҳамсояи Узбакистон минакорӣ шудаанд. Ба назар мерасад, ки яхи нобоварӣ миёни Тошканду Душанбе дар робита ба поксозӣ аз минаҳо об мешавад. Чанд рӯз қабл мақомоти Узбакистон изҳор намуданд, ки онҳо дар самти Чорсӯ - минтақаи ҳаммарз бо навоҳии Айниву Турсунзодаи Тоҷикистон аз тариқи инфиҷор 65 минаро нобуд сохтаанд.
Тайи ҳафт соли гузашта бар асари таркиши минаҳо дар марз, ки ба гуфтаи мақомоти Узбакистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди мусаллаҳони Ҷунбиши исломии Узбакистон гузошта шудаанд, тақрибан 80 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва ҳамин теъдод ҷароҳат бардоштаанд.
Дар манотиқи шарқии Тоҷикистон, ки он ҷо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ миёни неруҳои ҳукуматӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик задухурдҳои шадид сурат гирифтанд, поккорӣ аз минаҳо идома дорад. То фарорасии сардиҳо поксозӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Рашт идома кард ва ба иттилоъи Маркази минарӯбӣ, имсол 1400 адад минаҳои зиддинафар ва зиёда аз 400 дона мина безарар гардонида шудааст.
Ва аммо дар чандин минтақаи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла, дар ноҳияи Шӯрообод, ки низ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ майдони набарди миёни ҳукумат ва мухолифин буд, амалиёти поксозии минаҳо ҳатто шурӯъ нашудааст ва тайи солҳои ахир фақат дар як деҳаи Повори ин ноҳия ба асари таркиши минаҳо дасти кам ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд.