Амрико мегуяд, то ҳол омода аст дар бораи Ироқ бо Ирон ба гуфтугу нишинад. Вале Амрико таъкид кардааст, ки чунин гуфтугуҳо метавонанд маъное надошта бошанд, агар Ирон кумакҳои худ ба тундравҳои шиъаро идома диҳад. Аммо Ирон гуфтааст, ки агар Амрико ба ҳамлаҳои худ ба тундравҳои шиъа дар Бағдод идома диҳад, ба даври чаҳоруми музокироти амниятӣ бо Амрико ҳозир нахоҳад шуд. Амрико мегуяд, ки Ирон ба тундравҳои шиъа дар Ироқ кумаки молӣ мекунад