Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон барои ташкили кумиссюни вижа дастуре содир кардааст. Ин кумиссюн дар таҳияи "пешнависи нав"-и Қонуни Асосии Туркманистон кумак мекунад. Бердимуҳаммадов ин дастурро дар ҷаласаи кобинаи давлати худ 18-уми апрел имзо кардааст. Раиси ҷумҳури Туркманистон гуфтааст, "дигаргуниҳои бузург" дар пеш аст ва тағирот дар ҷаҳон тақозо мекунад, ки Қонуни Асосии Туркманистон мавриди бозбинӣ қарор бигирад.