Раиси кумитаи давлатии телевизиону радиои Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов мегӯяд, сабаби қатъи пахши барномаҳои радиои мустақили Имрӯз сирф фаннӣ мебошад:
"Дар асоси пешниҳоди муассисони ин радио дар оянда ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Телерадиоком барои ин шабака фиристандаи хубтару замонавитару путиқдитортаре дастрас мекунад ва умед аст, ки ин шабака барномаҳояшро на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки ба доираи васеи сомеони худ мерасонад."
Вале раиси радиои Имрӯз Рустами Ҷонӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз далели қатъи пахши барномаҳои онҳо рӯшан нест ва кумитаи телевизиону радио ба суолҳои онҳо посухи манфӣ ва ё мусбат надодааст.