Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бухарест кӣ пирӯз шуд? (Аксҳо)


Дар арафаи бозгашт ба ватанҳояшон ҳайъатҳои кишварҳои ҳозир дар нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар Бухарести Руминия ҳамагӣ иддао доштанд, ки нишаст бо пирӯзии онҳо хотима ёфт. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад.

Албанияву Хорватия даъватномаи узвият дар НАТО-ро дастрас намуданд. Русия муваффақ шуд, ки Гурҷистону Украина ба барномаи дастуруламали вуруд ба НАТО даъват нашаванд. Кремл хушҳол аст, ки аз тавсеаи паймон ба Шарқ ҷилавгирӣ кард. Дар ин байн барномаи ихтилофбарангези бунёди сипари зиддимушакии Вашингтон аз тарафи аъзои НАТО пуштибонӣ ёфт.

Дар арафаи нишасти Шӯрои Русия-НАТО дабири кулли паймон Яап де Ҳооп Схеффер эътироф кард, ки дар равобити НАТО бо Маскав печидагиҳое буруз намудаанд.

"Имрӯз равобити мо ҳақиқатан ҳам паҳлӯҳои мухталиф доранду таҳти таъсири воқеиятҳои сиёсӣ ва дигар масъалаҳое мебошанд, ки дар он мо баъзан назари гуногун ва баъзан манфиати умумии муштараки амалӣ дорем. Дар нишастамон мо саъй мекунем умумиятҳоямонро афзоиш дода, рӯи ҳалли масъалаҳое, ки дар он назари мухталиф дорем, тамаркуз намоем."

Дар нишасти Бухарест ИМА ва гурӯҳи кишварҳои собиқ коммунистии Аврупо, ки ҳоло бо номи "Аврупои нав" ёд мешаванд, бо ташаббусҳои хеле бештар аз пешбинишуда баромад карданд.

Вақте Олмону Фаронса пешниҳоди ИМА, Полша ва ё Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех ва кишварҳои канори баҳри Балтик дар мавриди қабули Гурҷистону Украина ба барномаи ба истилоҳ дастуруламали вуруд ё худ барномаи ба НАТО-ро рад карданд, ба назар мерасид, ки ташаббускорони ин масъала дар хиҷолат мемонанд. Аммо ду кишвар бо дасти холӣ барнагаштанд. Паймон ба онҳо бештар аз узвият дар барномаи дастуруламали вуруд, балки бо мурури замон узвияти комил дар НАТО-ро ваъда дод.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Робин Шеферд, раиси барномаи Аврупо дар пажӯҳишгоҳи Чатам Ҳауси Лондон гуфт, ягон ҷониб сад дар сад ба ҳадафҳояш нарасид, вале ҳамон гуна ягон ҷониб пурра навмед нашудааст:

"Ин созиши ногузир буд, ки мебоист ба вуқӯъ пайвандад. Ҳар ҷонибе метавонад бо дастоварде баргардад. ИМА дар хиҷолат намонд, зеро аъзои нишаст ӯҳдадории қотеъ гирифтанд, ки ин кишварҳоро ба НАТО даъват мекунанд ва аврупоиҳо эътибори худро ҳифз кардаанд, зеро ин даъват амалан дар ин нишаст ба вуқӯъ напайваст."

Дар поёни нишаст президентҳои Гурҷистону Украина хеле хушҳол ба назар мерасиданд.

Михаил Саакашвилӣ:

"Ба фикрам мо бояд шод бошем. Мо тааҷҷуб кардем, зеро субҳи имрӯз ман гумон доштам, ки мо чизе дастрас нахоҳем кард. Медонед, қаблан ба мо дастуруламали вуруд, амал барои вуруд ва дигар дастурҳои гирифтани барномаи дастурлуламали вуруд ё худ харитаи вуруд ба НАТО, хуллас марҳилаҳои пешакиву техникӣ барои узвияти имконпазир ва назариявиро матраҳ менамуданд. Ва ногаҳон мо аз марҳилаи техникӣ боло шудем ва онҳо ба қароре омаданд, ки Гурҷистону Украинаро ба узвият қабул кунанд."

Гуфтаҳои Саакашвилиро президенти Украина Виктор Юшенко тасдиқ кард.

ИМА дар баробари дарёфти пуштибонии НАТО дар масъалаи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо муваффақ шуд, ки аз кумаки Фаронсаву Русия дар Афғонистон баҳраманд шавад. Фаронса ризоят дод, ки барои кумак ба сарбозони Канада як баталйонашро ба ҷануби Афғонистон фиристад. Президенти Русия Владимир Путин бошад, мувофиқат кард, ки ҳарими ҳавоии ин кишвар барои интиқоли муҳимоти паймони НАТО ба Афғонистон истифода шавад.

Албатта, шореҳон боз ҳам дар бораи имкони сар задани ихтилофҳои нав миёни НАТО ва Русия ҳарф мезананд, зеро соли оянда дар нишаст бахшида ба 60-солагии таъсиси НАТО эҳтимол масъалаи даъвати Гурҷистону Украина ба НАТО рӯи миз гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG