Ахбори Шабакаи аввали телевизиони Русия чунин сархат дошт: "НАТО дари худро ба руи Гурҷистону Укроин баст." Аммо асли ҳодиса чист ва посухи НАТО Гурҷистону Укроин чӣ маънӣ дорад? Михел Саакавшили, раисиҷумҳури Гурҷистон аз ин тасмим истиқбол кард.
Вай мегӯяд, қарори НАТО мояи хурсандист, зеро ҳароси раддия низ дар миён буд, аммо ҳоло ҳарчанд тарҳи омодагӣ ба узвият ба кишвари ӯ дода нашуд, ваъдаи бузургтаре дода шуд, ки бештар аз ин тарҳ аст, ки танҳо як зинаи фаннии омодагӣ бо натиҷаҳои ноамълум хоҳад буд.
Саакашвилӣ бар ин аст, ки тибқи тавофуқи катбии НАТО Гурҷистону Укроин бидуни чунин тарҳ дар оянда ба таври ҳатмӣ узви созмон хоҳанд шуд. Яъне ҳарчанд расман ба ин ду кишвар даъватномаи узвият дода нашуд, то як марҳилаи омодагиро гузаранд, балки ваъдаи узвияти бе чунин марҳила тақдим гардид.
Саакашвилӣ гуфт, чунин марҳилаи омодагӣ метавонад то 10 сол ва бештар аз он идома кунад ва дар поёни кор монанди Мақдуния, узвият ба даст наояд. Албатта, хурсандии президенти Гурҷистон як навъ тасаллӣ ба хештан низ буда метавонад, лекин ман бо хабарнигори Бахши узбакии радиои Озодӣ, Алишер Сиддиқов, ки шоҳиди ҷаласаҳои НАТО дар Бухорест буд, телефонӣ сӯҳбат кардам ва пурсидам, аслан оё ин чӣ маъни дошт ва чи фазое он ҷо ҳоким буд?
Алишер Сиддиқов: "Фазои умумӣ ингуна буд, ки якум мо каме дилсардии намояндагони Гурҷистону Укроинро дидем. Махсусан аз тарафи Гурҷистон. Аз ҷониби Укроин ин камтар намудор мешуд, аммо буд. Масъалан нишасти хабариро на президенти Гурҷистон, балки вазири умури хориҷии он баргузор кард. Аммо рӯҳияи умумӣ хуб буд, ҳама ба ин буданд, ки нишаст муваффақ гардид. Аъзои нав қабул шуданд, шабакаи умумиаврупоии зиддимушакӣ ба тасвиб расид, ба Афғонистон нерӯи бештар фиристода хоҳад шуд ва ҳарчанд масъалҳои ҳалношуда ҳам буданд, аксарият бар инанд, ҳадди аксари мумкини кор иҷро гардид."
Пурсиш: Аммо дар мавриди Гурҷистону Укроин. Расонаҳои Русия инро натиҷаи фишори Маскав ба кишварҳои узв номидаанд, дар худи Бухорест дар ин бора чӣ сӯҳбатҳо ба гӯш мерасад?
Алишер Сиддиқов: "Дар ин ҷо масъала амиқтар арзишёбӣ мешавад ва онро ба нуфузи русия не, балки ба ин бастагӣ медиҳанд, ки аввалин бор кишварҳои шӯравии собиқ ба НАТО шомил мегарданд ва гуфта мешавад, омодаги зарурӣ дар ин байн мавҷуд набудааст. Аз мушкили низомии Гурҷистон ёдовар мешаванд, ки ду минтақаи амалан ҷудошуда дорад, ки як масъалаи нотамоми он мебошанд. Аммо ба сурати умум, баҳс сари ин набуд, ки Гурҷистону Укроин ба НАТО қабул карда шаванд ё на, балки сари ин буд, ки кай қабул карда шаванд, ҳоло ва ё дертар. Ихтилофот низ бар сари ҳамин буд ва мусолиҳа ингуна ба даст омад, ки ҳоло ду кишварро ба тарҳи омодагӣ ба узвият қабул накунанд, аммо вақте ки фурасти муносиб расид, бидуни шарту шароити илоавгӣ ва қоидаҳои мавҷудаи НАТО онҳоро шомили созмон гардонанд. Як омили дигар низ дар миён буд, ки гуфта мешавад, бояд одамон ҳам дар худи ин кишварҳо ва ҳам дар берун аз онҳо ба узвияти онҳо дар НАТО зеҳнан омода шаванд ва одат пайдо кунанд. Он гоҳ асноди узвият ба имзо хоҳад расид."
Ва Алишери азиз, суоли охир. Дар ин нишаст, ду президенти Осиёи Марказӣ низ ширкат карданд, Ислом Каримов ва Курбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Ширкати онҳо чи маънӣ дошт?
Алишер Сиддиқов: "Онҳо узви барномаи НАТО ҳамкорӣ барои сулҳ мебошанд ва ба таври автоматик даъватнома гирифта буданд ва ҳеҷ кас наметавонист ин ҳуқуқро азх пеши онҳо бигирад. Масъалаи дигар дар миён буд. Охирин суол ба дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер ин буд, ки дар ҳарду кишвар ва махсусан Узбакистон ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Асрори ҳодисаҳои куштори Андиҷон нокушуда мондааст ва чигуна НАТО метавонад бо ҳузури Ислом Каримов дар нишаст муросо кунад. Ҷаноби Схеффер посух дод, ки нишаст як саҳнаи муколама буд ва муколама бо Тошканд идома дорад вале масъалаҳои ҳуқуқи инсон ё ислоҳоти демократӣ ба рӯзномаи НАТО шомил нестанд ва ин як созмони каме дигар аст, ки масъалаҳои амниятиро пеши худ мегузорад ва самтгириҳои худро дорад."