Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон - санге бар души НАТО


Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар нишасти НАТО дар Бухарест
Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ва раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар нишасти НАТО дар Бухарест

Афғонистон аз мавзуъҳои аслии нишасти НАТО буд ва таҳлилгарон ояндаи коромадии ин паймонро ба муваффақияти он дар Афғонистон вобаста медонанд.

Паймони НАТО ахиран тасмим гирифт нируи бештаре барои муқобила бо Толибон ба Афғонистон эъзом кунад. Аммо то куҷо НАТО дар Афғонистон муваффақ хоҳад буд ва Тоҷикистон муносиботаш бо Афғонистонро чӣ гуна инкишоф хоҳад дод?

Бисёре аз таҳлилагони тоҷик мегӯянд, НАТО чӣ нируи изофӣ ба Афғонистон эъзом кунад ва ё на, ҳам чӣ ҷониби Шарқ доманаи худро густарда бошад ва ё хайр, дар ҳар сурат ҳам дар минтақа дучори чолишҳои ҷиддӣ хоҳад буд. Бархе аз сарони кишварҳои узви НАТО низ дар ҷаласаи ахири ин паймон ба номуваффақии нируҳои худ дар Афғонистон иқрор карданд. Таҳлилгарон мегуянд, НАТО бояд роҳи дигаре барои ҳалли қазияи Афғонистон ҷустуҷу кунанд. Ба андешаи ин коршиносон, Афғонистон имтиҳони ҷиддӣ ва сарнавиштсоз барои Паймони атланкити шимолӣ хоҳад буд.

Абдуғаффори Камол, таҳлилгари тоҷик, мегуяд, Тоҷикистон дар масъалаи муборизаи НАТО бо гурӯҳҳои мухолиф дар Афғонистон набояд ба сурати мустақим пойгоҳҳои худро дар ихтиёри НАТО вогузор кунад. Зеро, мегуяд ӯ, дар оянда ин кор метавонад ба гунае дар муносиботи ин ду кишвар асар гузорад.

Дар ҳамин ҳол, Дустмуҳаммади Дуст, ходими пажуҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон, низ мегуяд, НАТО дар минтақа бояд созу кори худро бознигарӣ кунад. Ба андешаи ин таҳлилгар, беҳтар аст ба ҷои эъзоми ниру воситаҳои пулӣ барои таъсиси артиши муназзами Афғонистон масраф шавад. Ва ҳар чӣ сареътар ин артиш ба пои худ истод шавад ва масъулияти таъмини амниятро ба ӯҳда бигирад. Ба гуфтаи оғои Дуст, қудратҳои назири Русия, Чин ва Эрон аз ин ба баъд ба ҳузури НАТО дар минтақа бештар мухолифат хоҳанд кард.

Аммо суоли дигари матраҳ масъалаи ҳамкорӣ ва муносиботи Тоҷикистон бо паймони Атлантики шимолӣ мебошад. Ба гуфтаи бархеи коршиносон, рӯ овардани Тоҷикистон ба НАТО ва густариши муносиботаш бо ин паймон дар шароити кунунӣ ба нафъи Тоҷикистон анҷом намешавад. Аммо таҳлилгарони дигар мегуянд, густариш ёфтан ва ё наёфтани муносиботи Тоҷикистон бо НАТО масъалае нест, ки танҳо ба худи Тоҷикистон бастагӣ дошта бошад. Ин аслан ба мавқеъи кишварҳои узви созмони паймони Амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай вобаста мебошад.

XS
SM
MD
LG