Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО пазироии Тифлису Киевро ба таъхир гузошт


Раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар нишасти НАТО
Раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш дар нишасти НАТО

Дабири Кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт, ки ин паймони низомӣ хоҳони рӯзе пазируфта шудани Укринаву Гурҷистон ба ҳайати ин созмон мебошад.

Аммо ӯ гуфт, ки дар ҷараёни омодагиҳои ин ду кишвар барои пазируфта шудан ба узвияти НАТО бояд интизори музокироти оянда шуд. Вай гуфт, «имрӯз мо мушаххас кардем, ки аз пазируфта шудани аризаҳои ин кишварҳо дар Барномаи узвияти НАТО мавсум ба МАП пуштибонӣ мекунем. Аз ин хотир ҳоло мо марҳилаи мулоқоти бештар бо ин ду ҷонибро дар сатҳи баланди сиёсӣ оғоз мекунем, то ки ба суолҳои марбут ба марҳилаи аввали узвияти МАП посух гуфта тавонем. Мо аз вазирони хориҷаи НАТО хоҳиш кардем, ки арзёбиҳои нахустинашонро дар робита бо пешрафтҳои ин кишварҳо дар нишасти моҳи декабри имсол ироа кунанд".

Дар ҳоле, ки нишасти имрӯза барои ин ду кишвар чандон хушҳолкунанда набуд, барои ду давлати дигари аврупоӣ - Хорватияву Албания баръакс муваффақиятомез гузашт. Дабири кулли НАТО гуфт, ки аз кишварҳои Балкан даъват шудааст, ки ба узвияти ин паймон пазируфта шаванд. Дар робита бо довталабиҳои Македония қарор шуд, ки ин масъала ба таъхир андохта шавад. Мушкили асосии Македония баҳси сари исми ин кишвар бо Юнон аст, ки мегӯяд, Македония исми як вилояти муҳими Юнон мебошад ва ин масъала боиси сар задани ихтилофҳо шавад. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш, ки дар ин нишаст суханронӣ кард, гуфт, аз мушкили пешомадаи Скопе таассуф дорад.

Ҷорҷ Буш афзуд, "мутаассифем, ки натавонистем дар масъалаи даъвати Македония барои пайвастан ба ин паймон ба созише бирасем. Македония дучори ислоҳоти душвор дар дохили кишвар шудааст. Ин кишвар ба фаъолияти ҳайатҳои НАТО дар хориҷи кишвар саҳми хеле зиёд гузоштааст. Масъалаи сари исми ин кишвар бояд ба зудтарин фурсат ҳалли худро ёбад ва Македония бояд ҳар чи зудтар ба узвияти НАТО пазируфта шавад".

Фиристодаи Македония дар НАТО Никола Димитров гуфтааст, ки тасмими имрӯзаи ин паймон барои Скопе бисёр ноумедкунанда буд ва он метавонад ба вазъи амниятии минтақаи Балкан таъсиргузор бошад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё НАТО ба Македония кадом як пешниҳоди дигареро дар ин марҳилаи интизорӣ хоҳад кард ё на.

Ва масъалаи дигари мавриди баррасии нишасти имрӯзаву фардои НАТО Афғонистон ва шумори нерӯҳои иловагии ба ин кишвар ирсолшаванда мебошад. Дар пешорӯи оғози нишасти НАТО Фаронса тааҳҳуд намуд, ки шумори қобили мулоҳизаи нирӯҳоро ба Афғонистон мефиристад. Чунин тасмим даъватҳои Канадаро пуштибонӣ мекунад, ки гуфта буд, дар сурате ки ба манотиқи ҷанубии Афғонистон, мақарри нирӯҳои канадаӣ артиши бештари НАТО ирсол нашавад, ин кишвар ҳузури худро дар Афғонистон тамдид нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG