Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷирзанон дар Хоруғ


Беш аз 200 зани тоҷир ва соҳибкор субҳи имрӯз, 5 феврал, ба нишони эътироз дар майдони назди ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ омаданд.

Ин занҳо дар бозори марказии Хоруғ бо фурӯшу савдо машғул будаанд ва бино бар 7 маротиба афзоиш дода шудани қимати андоз норозигӣ кардаанд. Ва аз ҳукумати вилоят хостаанд то қимати муҷаввиз (патент) поён бурда шавад.
Хабарнигори мо дар Бадахшон Файзи Мирҳасан гуфт, ки пас аз як мулоқоти тоҷиронзанони ин бозор бо намоянади Раёсати андози вилоят равшан шудааст, ки ин раёсат мехоаҳад қимати муҷавиз арои тоҷиронро аз 50 ба 350 сомонӣ расонад.
Ин боиси аз бозор даст кашидани беш аз 200 тоҷирзан шудааст ки фълан дар майдони марказии назди ҳукумати вилояти интизори посухи ҷониби ҳукумат мебошанд.
Инҳо заноне ҳастанд ки бо соҳибкории хурд дар бозори марказии Хоруғ машғул буда хонаводаҳои худро таъмин мекарданд.
Хабарнигори мо мегӯяд, ки то ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомоти Ҳукумати ин вилоят ба назди эътирозгарон нафари масъуле наёмадааст ва ба ҳарфи онҳо гӯш надодааст.
Дар ҳоли ҳозир эътирози занҳо дар шаҳри Хоруғ идома дорад.
XS
SM
MD
LG