Зарбаи мушакӣ алайҳи як рустои воқеъ дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон дасти кам 9 нафарро кушта бар ҷой гузоштааст.
Алайҳи манзиле, ки бовар мерафт, марбу ба яке аз раҳбарони ҷангиён бошад, дар рустое дар ҳаволии шаҳри Вано, дар вилояти Вазиристони ҷанубӣ, то 3 мушак партоб кардаанд.
Ин минтақа аз паноҳгоҳҳои ҷангиёни Толибон ва шабакаи Ал-Қоида шинохта шудааст. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки ин мушакҳоро ки андохтааст.