Ҷаноби Назриев гуфт, таҷҳизоти китобхона мероси замони шӯравӣ аст ва ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, ҳайати ходимони пажӯҳишгоҳи осори хаттӣ чанде қабл бо ирсоли як номае унвонии раисҷумҳури кишвар хостори кӯмак ҷиҳати таъмиру тармими бинои китобхона ва таъмини он бо васоити ҷадиди фаннӣ шудаанд. Аммо ҳанӯз посух нагирифтаанд. Ҷаноби Назриев гуфт, барои таъмими осорхона бо таҷҳизоти муосир 300. 000 доллар лозим аст.
Бино ба гуфтаи мудири пажӯҳишгоҳи осори хаттӣ, мушкили дигар нарасидани кормандони ҷавон будааст. Вай мегӯяд, бар асари камии маош ҷавонон дар ин ҷо кор кардан намехоҳанд.
Муҳаммадисо Раҳматуллоев, мудири бахши дастнависҳои пажӯҳишгоҳи осори хаттӣ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай ба ивази кори сангин, ки ба саломатиаш метавонад зарар расонад, 50 сомонӣ, муодили 17 доллари амрикоӣ маош мегирад.
Ҷаноби Раҳматуллоев бо изҳори таассуф афзуд, мардум китобҳои қадимарин ва нодирро ба осорхона меоранд, аммо харидории онҳо ба иллати набуди маблағ имконнопазир аст ва ин боиси бо роҳи қочоқ ба хориҷи кишвар рафтани ин осори гаронбаҳо мегардад. Муҳаммадиссо Раҳматуллоев мегӯяд, камаш 100 доллар мепурсанд барои ин китобҳо, ки мо ин қадар пул надорем. Хуб буд агар, бозаргонони тоҷик, мулкдорон, аққалан 1 китобӣ харида ба ганҷинаи мо тӯҳфа мекарданд.
Китобхонаи осори хаттӣ дар назди академияи улуми Тоҷикистон соли 1958 таъсис ёфтааст ва феълан, дар он беш аз 13.000 китобу дастхатҳои нодир маҳфуз аст. Осорхона дар ҳоли ҳозир 75 корманд дорад ва синни кормандону ходимони илмии он аз 60 то 78 солро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки як даҳсола қабл теъдоди ходимони илмӣ ва кормандони китобхонаи осори хаттии Тоҷикистон ҳудудан 300 нафарро ташкил медодааст.