Шоми рузи панҷшанбе дар Озарбойҷон ба тахтапушти Оқил Халилов-рузноманигори саршиноси "Озодлиқ"-яке аз рузномаҳои маъруфи мухолифони давлат корд задаанд. Озер Аҳмадов-раиси ин нашрия ба радиои Озодӣ гуфт:
"Дар 10-15 рузи ахир ба Оқил занг мезаданд, ба вай таҳдид мекарданд ё мехостанд бадном созанд. Вайро таъқиб ҳам мекарданд. Вай баъд аз ҳамла ба мо гуфт, ки яке аз суиқасдкунандагонро шинохтааст".
Оқил Халилов аз кор дар роҳ ба суи хона дучори ин ҳамла шудааст. Баъд аз корд хурдан ба Халилов муяссар шудааст, ки телефонӣ аз вазъи худ ба наздиконаш хабар диҳад. Баъд аз ҷарроҳӣ саломати Халилов сангин, вале собит аст.