Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агрегатҳои Норакро аз Укроин хоҳанд овард


Ба гуфтаи Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик», бар тибқи тавофуқоти бо ҷониби Укроин бадастомада, қарор аст, таҷдиди чарха ва ё агрегатҳои нирӯгоҳи барқи обии Норак аз сӯи корхонаҳои ин кишвар, ки замони бунёди нирӯгоҳ ин чархаҳоро тавлид ва васл карда буданд, сурат бигирад. Ӯ меафзояд, ҳадаф аз таҷдиди чархаҳои нирӯгоҳи Норак ба поён расидани мӯҳлати истифода ва коҳиши тавони тавлидии ин чархаҳо аст.

Оқои Гулов мегӯяд, агрегати нахуст ҷиҳати таҷдиди нирӯгоҳи барқи обии Норак моҳи апрел аз Укроин вориди Тоҷикистон шуда, ва ба ҳамин тартиб то поёни имсол се чунин агрегати ин нирӯгоҳ таҷдид хоҳад шуд. Бар тибқи тавофуқоти бадастомада, мегӯяд ӯ, қарор аст, таҷдиди комили чархаҳои нирӯгоҳи барқи обии Норак то соли 2012 комилан анҷом бигирад, ки арзиши ин чархаҳо дар маҷмӯъ бештар аз 20 миллион доллари амрикоист.

Ва аммо оқои Гулов ҳамзамон гуфт, феълан иллати аслии коҳиши тавлидоти барқ дар нирӯгоҳи Норак марбут ба воридшавии ҷараёни об аст, ки дар ҳоли имрӯз баробар ба 250 метри мукааб дар сония будааст.

Ва мегӯяд, дар зимн тавлиди барқ дар ин нирӯгоҳ ва нирӯгоҳҳои дигар баробар ба ниёзмандиҳои сокинон ва корхонаҳои кишвар нест.

Вале дар робита ӯ аз афзоши воридоти нирӯи барқ аз Ӯзбакистон ва Туркманистон ба Тоҷикистон хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон тавофуқоти бо Тоҷикистон дар мавриди интиқоли барқро ба иҷро расонда, ва воридшавии барқ аз ин кишвар ба Тоҷикистон комилан анҷом шудааст. Ва ба гуфтаи «Барқи тоҷик», ба ҳар сурат интиқоли барқ ба манотиқи кишвар афзоиш ёфта ва дар шаҳрҳо аз ҷумла пойтахт меъёри интиқоли барқ комилан лағв шудааст.

XS
SM
MD
LG