Арзиши доллар дар баробари евро дар бозорҳои байналмилалӣ ҳамвора пойин ва қимати нафту тило дар ин бозорҳо ҳамчунон боло меравад.
Рӯзи душанбе нархи як бушкаи нафти хом дар бозори Ню-Йорк ба 103,38 доллар расид. Аз ҷумла ба далели пойин рафтани қурби доллар. Қурби доллар боз ҳам пойин рафта, акнун арзиши 1 евро ба нуқтаи бесобиқаи қариб 1 доллару 53 сент расидааст.
Қимати тило низ дар бозорҳои байналмилалӣ ба таври бесобиқа боло рафта, арзиши 1 унси он акнун ба 990 доллар расидааст.