Шӯрои Амнияти СММ даври севвуми таҳримот алайҳи Эронро қабул кард. 14 кишвар аз 15 кишвари узви Шӯрои Амният, ба истиснои Индонезия, ки дар раъйгирӣ ширкат надошт, ба қатънома раъйи мувофиқ додаанд. Қатъномаи ҷадид ба далели аз иҷрои тақозои Шӯрои Амният дар бораи қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумаш саркашӣ кардани Эрон таҳия шуда, эъмоли таҳримоти сангинтари моливу мусофиратӣ болои афрод ва ширкатҳои марбут ба барномаҳои ҳастаии Эронро дар назар дорад. Эрон ду даври қаблии таҳримоти ҷорикардаи Шӯрои Амниятро низ қабул накарда буд.