Ширкати «ГидроОГК»-и Русия қасд дорад нерӯгоҳи хурди барқи обии мавсум ба «Москва»-и ноҳияи Ваҳдатро бозсозӣ ва се нерӯгоҳи хурди дигар дар Тоҷикистон бунёд кунад. Вазорати энержию саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки онҳо асноди фаннии дар замони шӯрави таҳияшудаи ин сохтмонҳоро ба ҷониби Русия ироа кардаанд.
Раҳбарияти ширкати «ГидроОГК» ба расонаҳои Русия гуфтааст, дар соли 2009-ум нерӯгоҳи 18 сол бекорхобидаи «Москва»-и Ваҳдатро комилан таҷдиду ба кор хоҳад андохт. Нерӯгоҳи мазкур 550 кВт тавоноӣ дошта, барои амалисозии ин пружа ширкат 16 миллион рубли русӣ, муодили тақрибан 700 000 доллари амрикоӣ масраф карданист.