Ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ мегӯянд, дар як амалиёт дар минтақаҳои марказӣ ва шимолии Ироқ 5 ошӯбгари эҳтимолиро ба ҳалокат расонда, 22 нафари дигарро асир гирифтаанд. Ҳалокати 5 нафар дар шарқи Хон Банисадр, шимоли Бағдод ҳангоми як даргирии онҳо бо нерӯҳои амрикоӣ иттифоқ афтод. Аз зарбаи ҳавоӣ манзиле, ки ин афрод пинҳон шуданд, тахриб гардид.