Нирӯҳои Туркия бо истифода аз оташи тӯпхонаҳо ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба амалиёти низомии худ алайҳи чирикиҳои курд дар шимоли Ироқ идома медиҳанд. Ситоди кулли артиши Туркия дар Анкара изҳор дошта, ки чирикиёни марбут ба ҳизби коргарии Курдистон ба манотиқи ҷанубтар ақиб нишастаанд. Ситоди артиши Туркия гурӯҳҳои курдии фаъол дар шимоли Ироқро аз ҳар навъ талоши паноҳ додан ба ин чирикиҳо ҳушдор додааст.
Мақомҳои низомии Туркия мегӯянд, то кунун дар ҷараёни амалиёт дар шимоли Ироқ дасти кам 112 чирикӣ ва 13 сарбози артиши Туркия кушта шудаанд. Амрико имрӯз гуфт, умедвор аст, амалиёти низомии Туркия дар шимоли Ироқ дар кӯтоҳмуддат ба поён мерасад.
Амалиёти артиши Туркия дар шимоли Ироқ рӯзи панҷшанбеи гузашта оғоз ёфта, ба кадом мухолифате аз сӯи Бағдод рӯбарӯ нашудааст. Вале рӯзи якшанбе давлати Ироқ аз Туркия даъват кард, амалиёти низомиро ҳаддалмумкин зудтар ба анҷом бирасонад, вагарна идомаи он метавонад суботи минтақаро ба чолиш рӯбарӯ кунад.