Парлумони Қирғизистон рӯзи душанбе роҷеъ ба кушторҳои ахири шаҳрвандони ин кишвар дар Русия изҳори таассуф ва нигаронии амиқ кард. Аъзои парлумон дар изҳороти худ аз Маскав тақозо кардаанд, сабабҳои танҳо дар соли ҷорӣ дар Русия кушта шудани 8 шаҳрванди қирғизро оҷилан таҳқиқ кунад.
Русия тайи солҳои ахир ба мавҷи фазояндаи кушторҳо дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ, ба хусус куштори муҳоҷирин аз кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ рӯбарӯ шудааст.