Дар паи нокомии мухолифин дар интихоботи президентии ҳафтаи гузашта ҳукумати Арманистон ду сиёсатмадори мухолифи ҳукуматро ба ҳабс гирифт. Рӯзи якшанбе полис Ором Карапетян раҳбари ҳизби Даврони нав ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат: собиқ раиси хадамоти андоз Самбат Айвазянро боздошт намуд.
Рӯзи шанбе бошад, полис як идда мансабдорон: тарафдорони собиқ президенти Арманистон Левон Тер-Петросян ва аз ҷумла муовини додситони кулли Арманистон Гагик Ҷангирянро ҳабс кард.
Тер-Петросян, ки дар интихоботи рӯзи сешанбеи гузашта наздик 21,5% райъҳоро ба даст овардааст, ҳукуматро бо поймол намудани қонунҳо дар рафти овоздиҳӣ ва латту кӯбу рабудани мухолифин муттаҳам кард. Ҳукумат ин айбномаро рад мекунад.