Вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибенд мегӯяд, ҳавопаймоҳои ИМА бо истифода аз хоки Британия "парвозҳои бозгардонӣ" амалӣ намудаанд. Ҳарчанд ки қаблан ҳукумати Британия ин хабарро рад мекард.
Ҳангоми суханронӣ дар парламенти ин кишвар Милибенд гуфт, соли 2002-ум ду ҳавопаймои ИМА бо як фарди муттаҳам бо терроризм дар ҳар яке аз ҳавопаймоҳо дар пойгоҳи низомии Диего Гарсияи Британия, воқеъ дар уқёнуси Ҳинд фуруд намуда буданд.
Милибенд афзуд:
" Маҷлиси авом ва ҳукумат аз ташхиси ин хабар дилшикаста мебошанд. Аз ин хабар муттафиқони мо дар ИМА ҳам дилшикаста шудаанд. Онҳо низ эътироф мекунанд, ки тақдими иттилои дақиқ ба парламент амри мутлақо муҳим аст."
Ба гуфти Милибенд ин хабар замоне ошкор шуд, ки ИМА бори дигар парвозҳои он давраро таҳқиқ намуд.
Раиси хадамоти марказии кашфи ИМА (CIA) Майкл Ҳайден эътироф кард, ки ду ҳавопаймо бо афроди муттаҳам барои парвозашон дар хоки Британия маводи сӯхт пур карда буданд.
Ҷои ёдоварист, ки қаблан ИМА ҳам истифодаи ҳарими ҳавоӣ ва ё қаламрави Британия барои интиқоли махфии афроди муттаҳам дар терроризмро рад мекард.