Баҳои ҳар бушка нафти хом дар бозори Нюй Йорк аз марзи 101 доллар гузашт. Тарс аз камбуди арзаи нафт ба бозори ҷаҳонӣ рӯзи гузашта қиммати онро ба 110 доллар 10 сент расонид, аммо имрӯз баҳои нафт боз 20 сенти дигар болотар рафт.
Баҳои нафт аз он хотир баланд рафтааст, ки мубодилакунандагони нафтӣ мегӯянд, зоҳиран ОПЕК созмони кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт, ки 40 дар сади нафти ҷаҳониро вориди бозор мекунад, моҳи март дар нишасти худ арзаи нафт ба бозорро камтар хоҳад кард.