Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.
Дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарон ва фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ ҳастанд.
Зубайдулло Зубайдзода гуфт, ҳоло дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва изҳори умедворӣ намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.
Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” давоми солҳои 2017-2018 ба дасти нерӯҳои худдифои курд асир афтоданд ва ҳоло дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон карданд, ки тарҳи баргардонии занону кӯдакон омода шудааст, вале то кунун ҳеҷ зану кӯдакро аз ин кишвари ҷангзада пас нагардонидаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, бӯҳрони коронавирус сабаб шуд, ки ин тарҳ сари вақт амалӣ нашавад.
Узбекистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ даҳҳо шаҳрванди худро аз ин кишвар баргардонидаанд.
Як зани тоҷик аз урдугоҳи ал-Ҳавл ба шарти пинҳон мондани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз талошҳои Тоҷикистон барои ба ватан баргардониданашон хеле хушҳол шудаанд”.
Ин занро соли 2014 шавҳараш ба Сурия бурдааст. Шавҳараш пас аз чанд моҳ дар яке аз ҷангҳо кушта шудааст.
Ӯ гуфт, аксари занҳо зери фишори шавҳарон ва бо роҳи фиреб ба ин кишвари ҷангзада омадаанд ва солҳо боз зери азоб қарор доранд.
“Вазъи беҳдоштии хаймаҳо хуб нест. Ман ҳамин ҳоло, ки суҳбат мекунам, ҳароратам баланд аст, вале ба ман доруи сардард додаанд. Пизишкҳо беҳад кам ҳастанд ва ба ҳама расидагӣ намешавад. Интизори бозгашт ба ватан ҳастем”,--гуфт ӯ.
Мулоқоти намояндаи Тоҷикистон бо ҳукумати Башор Асад барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон борҳо сурат гирифтааст.
Аммо паноҳгоҳҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, зери назари нерӯҳои худдифои курд қарор доранд. Ин нерӯҳо ба ҳукумати Башор Асад итоат намекунанд ва мустақилона амал мекунанд. Аз ин рӯ, ба назари коршиносон, мулоқот бо намояндаҳои ҳукумати Башор Асад таъсири зиёд надорад.
“То кунун Русия, Қазоқистон ва Узбекистон мустақиман бо нерӯҳои курд барои баргардонидани шаҳрвандонашон тамос гирифтаанд. Аз рӯйи эҳтироми дипломатӣ ва огоҳ кардан танҳо як бор ҳукумати Башор Асадро огоҳ мекунанд. Аз дасти ҳукумати Башор Асад дар ин минтақа чизе намеояд. Фақат агар аз ҳудуди таҳти назорати курдҳо ба ҳудуди зери назорати Башор Асад гузаштан лозим бошад, бо ҳукумати ӯ мувофиқа мекунанд. Дигар ҳама масъалаҳоро курдҳо ҳал мекунанд”,--гуфт як зани тоҷик, ки дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавл қарор дорад.
Тоҷикистон дар ҳоле бо ҳукумати Башор Асад вориди музокирот аст, ки 29-уми ноябр намояндагони Узбекситон барои баргардонидани наздики 100 зану кӯдак бо мақомоти курд суҳбат кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.