Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, шаҳрвандонеро, ки ба сабаби густариши коронавирус дар хориҷа дармондаанд, марҳила ба марҳила ба ватан меорад. Аммо мақомот мегӯянд, ҷараёни бозгардондани шаҳрвандон "ба фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин" вобаста хоҳад буд.
Тоҷикистон дар охири моҳи март ва сипас шаби 19-уми май аз Русия даҳҳо шаҳрвандашро баргардонд, аммо ҳамчунон теъдоди зиёде дар он кишвар дар интизори сафар ба ватан ҳастанд. Шумораи умумии онҳо маълум нест.
Вале бино бар шикоятҳое, ки ба Радиои Озодӣ мерасанд, шаҳрвандони зиёде ба сабаби баста будани марзҳо ва қатъи парвозҳои байнулмилалӣ наметавонанд ба ватан баргарданд.
Туркия
Адиба Раҳимова, соҳибкорзани тоҷик, ду моҳ аст, ки дар меҳмонхонаи "Буюк Парис"-и Истанбул ҳамроҳ бо 19 нафари дигар мунтазири бозгашт ба Тоҷикистон аст. Ӯ гуфт, барои ташкили парвози ғайринақшавӣ борҳо ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат намуд, аммо то ҳол натиҷае нест.
"Ду моҳ вақти кам нест. Мо на танҳо аз пайвандон дур мондем, балки азоби рӯҳиву молӣ мекашем. Масъули меҳмонхона вазъи моро дида, нархи будубошро арзон кард ва ошхонаро дар ихтиёрамон гузошт. Гоҳ-гоҳ аз консулгарӣ ғизо меоранд, вале мо интизори бозгашт ба ватан ҳастем. Ба ҳисоби мо 300 кас аст, ки бояд баргардад", - нақл кард ӯ рӯзи 20-уми май.
Адиба Раҳимова молики яке аз дӯконҳо дар фурӯшгоҳи "Саодат"-и шаҳри Душанбест. Мегӯяд, хонаводааш аз ин ҳисоб таъмин мешуданд, вале ба сабаби густариши коронавирус ва баста шудани фурӯшгоҳҳои либос тиҷораташон камранг шудааст.
Дубай
Саид Абдуллоев, масъули ширкати сайёҳии "Ал-Ибтикор Туризм" дар Дубай мегӯяд, фақат аз ҳисоби ҷаҳонгардони тоҷик 180 нафар дар онҷо мондаанд. Вай рӯзи 20-уми май гуфт, як ширкати ҳавопаймоӣ нақша дошт, онҳоро рӯзи якуми май ба Тоҷикистон барад ва билетҳоро фурӯхт, вале ҳанӯз парвоз анҷом нашудааст, чун иҷозаи Тоҷикистон даркор аст.
Баҳодури Сафарзода, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои баргардонидани шаҳрвандон машваратҳо доранд ва бо имкони аввалин даст ба кор хоҳанд шуд. Вай гуфт, ҳанӯз дақиқ нест, ки дар кадом рӯз ҳавопаймо таъмин карда мешавад.
Ҳиндустон
Наздик ба 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксаран барои табобат ба Ҳиндустон рафта буданд, бо сабаби қатъ гардидани парвозҳои байналмиллалӣ аз миёнаҳои моҳи март ба ин тараф дармондаанд. Саломатии аксари онҳо бад шуда, бо бемориҳои фишору хун ва қанду саратон гирифтор будаанд. Дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Онҳо дар як нома аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳарчи зудтар ба мушкилашон расидагӣ шавад, вале мегӯянд бо гузашти қариб се ҳафта ҳанӯз посухе нагирифтаанд.
Яке аз муаллифони нома ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар Мумбай ба сар мебарад ва бинобар дарёфти кумак аз ҷониби як созмони байналмилалӣ мушкил надорад. Вай гуфт, "тақрибан ҳар рӯз аз сафорати Тоҷикистон тамос мегиранд ва ваъда медиҳанд, ки дар рӯзҳои наздик як парвози чартерӣ ба роҳ хоҳанд монд."
Олмон
30 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷо дармондаанд. Бархе барои табобат ба ин кишвар омада буданд ва акнун барои иқомат дар меҳмонхона пул надоранд.
Рӯзи якуми май як ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Франкфурти Олмон рафт, то кумакҳои байнулмилалиро ба Тоҷикистон расонад. Он замон сафорати Тоҷикистон дар Берлин эълон кард, ки ҳар касе худро зуд ба Франкфурт расонад, ба кишвар бармегардад, вале фурсати эълоншуда хеле кам буд ва бисёриҳо расида натавонистанд.
Яке аз шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар Олмон гуфт: "Рӯзи якуми май танҳо 11 нафар тавонистанд, худро то ба фурудгоҳи Фаранкфурт расонанд ва ба кишвар баргаштанд."
Қазоқистон
Дар ин ҷо зиёда аз 200 нафар ба иллати бекорӣ ва бепулӣ мехоҳанд ба ватан баргарданд.
Яке аз онҳо, Муҳаммад Набиев, мегӯяд, дар интизори ҳавопаймо дучори коронавирус шуд ва бо истифода аз доруҳо дубора ба по хест. "Мо аксар ҷавонон ҳастем дар ҳуҷраҳои танг панҷ-шашнафарӣ зиндагӣ мекунем. Аз ҳеч куҷо, на аз ҷониби сафорат ва на аз ҳеч каси дигар дасти ёрӣ дароз намешавад. Бачаҳо аз ҳар куҷо қарз мегиранду фақат интизоранд, ки кай роҳ боз мешавад", - нақл кард ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳоли шаҳрвандон дар ҳар гӯшаи ҷаҳон хабар доранд ва роҳҳои ба кишвар овардани онҳоро меандешанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, "шаби 19-уми май як гуруҳи муҳоҷирони боздоштшударо аз Русия оварданд. Ҳамин хел, дигаронро ҳам меоранд. Ба навбат ва мувофиқа бо кишвари мизбон ва ин кор вақт мехоҳад."
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, пештар Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Чину Эрон ва Олмону Русия овардааст, дигаронро низ хоҳад овард.
Дар як назарсанҷӣ дар канали Ютюби Радиои Озодӣ 75%-и 6300 ройдиҳанда гуфтаанд, ки Тоҷикистон бояд шаҳрвандонашро аз кишвраҳои дигар баргардонад.