Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари дигар дар марги Азизбеки 18-сола


Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки ҳашт моҳ пеш кушта шуд
Азизбек Раҷабов, сокини ноҳияи Айнӣ, ки ҳашт моҳ пеш кушта шуд

Пас аз ҳашт моҳ бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Бурҳонов, гумонбари дигар дар марги Азизбек Раҷабов, ҷавони 18-сола аз ноҳияи Айнӣ боздошт шудааст.

Азизбек Раҷабов, сокини деҳаи Ревади Поёни ин ноҳия, охири моҳи июли соли гузашта дар муноқишае бо гуруҳи ҷавонон ҳалок шуд.

Дар марги Азизбек, ки дар як занозанӣ дар рӯзи Иди Қурбон маҷрӯҳ шуда, дар бемористон ҷон дод, чаҳор ҷавони ҳамдеҳаи ӯ муттаҳам дониста мешуданд. Се нафари онҳоро боздошт карданд, аммо яке аз онҳо, ба гуфтаи пайвандони Азизбек, дар озодӣ буд.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳабибулло Бурҳонов бо талаби волидони Азизбек Раҷабов 13-уми феврал боздошт шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар нисбат ба ӯ бо иттиҳоми “авбошӣ аз ҷониби гурўҳи шахсон, ки бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст” айб эълон кардаанд.

Пайвандони Ҳабибулло Буроҳонов ба бегуноҳии ӯ таъкид мекунанд ва бовар доранд, ки додгоҳ ӯро гунаҳкор нахоҳад донист.

Дар сурати собит шудани айб дар додгоҳ, ин банди Кодекси ҷиноятӣ то панҷ соли зиндон ва ё ҷарима аз 50 то 100 ҳазор сомониро пешбинӣ мекунад.

Наздикони Азизбек мегӯянд, аз рӯзи рӯх додани ин фоҷеъа 8 моҳ мегузарад ва бо вуҷуди исрори онҳо дар масъалаи боздошти Ҳабибулло Бурҳонов тоза ӯро дастгир карданд.

Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек рӯзи 2-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин ки Ҳабибуллоро боздошт карданд, ҳарфе надоранд, вале ӯро бо ҷурми сабук айбдор кардаанд.

“Ҳафтаи гузашта дар Додситонии кулл будам. Маро қабул карданд. Гуфтам, "раҳмат, ки ӯро боздошт кардед, вале айби ӯ авбошӣ не, балки куштор аст". Муфатиш гуфт, ки ҳоло тафтиш идома дорад ва маълум хоҳад шуд, ки то куҷо дар ин ҷиноят саҳм дорад"--гуфт ин зан.

Бобохон Бобохонов, тағои нафаре, ки волидайни Азизбек ӯро як тан аз гумонбарон медонанд, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “гунаҳкории шахсро тафтишот ва додгоҳ маълум хоҳад кард”.

Ӯ гуфт, агар гуноҳи ин ҷавон исбот шуд, “мувофиқи амалаш ҷазо гирад”.

Додситонии кулл дар моҳи декабр як гумонбари дигари ин қазия Сарбоз Раҳмоновро, ки бо “авбошӣ” ва “қасдан расонидани зарар ба саломатӣ” айбдор дониста мешуд бекор намуд ва ӯро ба “одамкушӣ” айбдор эълон кард.

Дар як номаи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нусхаи он рӯзи 22-юми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расида буд, гуфта мешавад, ки пас аз “омӯзишӣ такрории парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳмонов Сарбоз бо моддаи 104, қисми 3, банди “в” парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”.

Ин модда дар Кодекси ҷиноятӣ "Одамкӯшӣ" ном дорад ва аз 15 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Азизбек Раҷабов имсол ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон қабул шуда, рӯзи 31-уми июл ҳамроҳи чанде аз ҳамсолонаш ба Душанбе бояд сафар мекард. Наздиконаш мегӯянд, ӯ бояд рӯзи 3-юми август дар Донишгоҳи кишоварзӣ ҳозир мешуд ва ҳуҷҷатҳояшро месупурд.

Ҳодисаи занозанӣ замоне рӯх додааст, ки ӯ дар интизори таксӣ барои сафар ба Душанбе будааст.

XS
SM
MD
LG