Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз кӯчаҳои холии Русия то тавсияи Садриддини Наҷмиддин доир ба эҳтиёт. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ҳангоми сабти барнома
Ҳангоми сабти барнома

Салом, дар ҳар куҷое, ки ҳастед, умедворем сиҳату саломат бошед. Баръакси барномаҳои дигар имрӯз фақат видеоҳои Шуморо мебинем, ки аз ҳар гӯшаву канори дунё ба мо фиристодед.

Аз карантин дар Русия то вазъи муҳоҷирони бекор, ки чӣ гуна рӯзи худро сипарӣ мекунанд. Вале қабл аз ҳама муроҷиати Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷикро мебинем, ки ӯ ҳам ҳоло қисми зиёди рӯзи худро дар хона сипарӣ мекунад.

Ӯ дар муроҷиати видеоӣ, ки ба Радиои Озодӣ фиристод, гуфт: "Дар ин шабу рӯзҳо, чӣ хеле ки мебинед, ҳама консертҳо ва ҳама нақшаҳое, ки дар соли 2020 доштем, лағв шуданд. Яъне, ба таърихи дигар гузошта шуд. Ин ҳам аз сабаби онки беморӣ авҷ гирифтааст ва мо дар шаҳри Торонто ҳастем. Ростӣ, бовар кунед, моро аз хона ба берун баромадан намемонанд. Аз Шумо хоҳиш мекардам, бахусус азизони дил дар Тоҷикистон, ки бисёр эҳтиёткор бошед ва ин бемориро нодида нагиред. Аз ҳамаи Шумо хоҳиш мекунам, ба карантин риоят кунед, ҳарчанд дар Тоҷикистон карантин ҳам набошад, Шумо карантини худро ташкил кунед. Дар хонаводаи худ барои оилаҳои худ, барои фарзандони худ. Тавсияи духтуронро иҷро кунед, дастҳоро бишӯед."

Аз кӯчаҳои холии Русия то тавсияи Садриддин доир ба эҳтиёт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Муроҷиати пурраи Садриддини Наҷмиддинро дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ҳам канали мо дар Ютюб метавонед бубинед.

Дар Русия баъд аз зиёд шудани теъдоди гирифторони бемории КОВИД-19 Думаи давлатӣ иҷоза дод, ки дар кишвар вазъи фавқулода эълон шавад. Пештар аз ин мақомот дастур доданд, ки мардум дар хонаҳои худ бимонанд ва вазъ, масалан, дар шаҳри Новосибирск чунин шуд.

Видеоеро, ки дар барнома мебинед, як корбари Радиои Озодӣ аз метрои ин шаҳр фиристод ва худаш вазъро тасвир мекунад.

Баъди эълони карантин дар Маскав дар рӯзи 28-уми март теъдоди зиёде аз муҳоҷирони тоҷик бекор мондаанд. Баъзеҳо ба қавли худашон рӯзро кӯр намекунанду ба корҳои хайр машғуланд. Ин видео ҳам аз Маскав ба дасти мо расид.

Ба Дубай ҳам сар мезанем, ки дар онҷо даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби қатъи парвозҳо ба Душанбе дармондаанд. Фирӯз, яке аз онҳоест, ки мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад, вале ҳеҷ роҳе намеёбад. Ӯ аз тариқи Вотсап ба Радиои Озодӣ чунин муроҷиат кард:

"Ба дигар кишварҳо, мисол, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург ҳавопаймо фиристоданд, муҳоҷиронро мебаранд. Барои чӣ он тарафро фикр мекунанд, тарафҳои Дубайро фикр намекунанд. Рости гап, имрӯз ё пагоҳ визаи мо тамом мешавад, барои ҳамин хоҳиш мекунем, ин мушкилиро ҳал кунанд, Ба Дубай ҳавопаймо равон кунанд, ки ба пеши падару модар, ба пеши оила ва зану фарзандонамон баргардем."

Шумо ҳам мушкиле доред ва ё дар ин рӯзҳо чӣ кор мекунед, видео бигиреду ба мо бифристед. Вотсап, Вайбер ва Телеграму Имо дорем. Худро эҳтиёт кунед ва то дидор дар барномаи дигар!

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG