Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи як сол пеши Украина бо Тоҷикистон чӣ умумият дорад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Як сол пеш дар ҳамин рӯз дар Украина интихоботи президентӣ анҷом гирифт. Интихоботи президентии соли 2019 дар ин кишвар дар ду давр баргузор гардид. Аввал 31 март ва ҳангоме ки кадоме аз номзадҳо 50 фисади овози интихобкунандагонро соҳиб нашуданд, 21 апрел даври дуюми он сурат гирифт.

Дар ин давр Владимир Зеленский ва президенти пешини Украина Петро Порошенко иштирок намуданд ва бо 73 фоизи раъй аввалӣ барандаи интихобот ва ҳамин тавр президент интихоб гардид.

Тибқи маълумот, ин гуна тарафдории Зеленский, ки ӯро дар ибтидо номзади ҷиддӣ ҳисоб намекарданд, дар таърихи соҳибистиқлолии ин кишвар бесобиқа ва рекордӣ будааст. То ӯ, танҳо дар соли 1991, Леонид Кучма 61 фисади овози интихобкунандаро соҳиб шуда буду бас.

Аз ин пас, ҳар президенте ба сари қудрат омад, чизе бештар аз 50 дарсади овози интихобкунандаҳоро дошт.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон пас аз маъракаи ахири сиёсии Украина гуфтанд, интихоботи президентии ин кишвар танҳо хос барои ин кишвар нест. Ҳаводиси ин мамлакат бисёрии вақт, ба гуфтаи онҳо, барои кишварҳои пасошӯравӣ паём хоҳад дошт.

Ин чӣ паём хоҳад буд, шояд дар кӯтоҳмуддат эҳсос нашавад.

Петро Порошенко ва Владимир Зеленский
Петро Порошенко ва Владимир Зеленский

Албатта, барои кишварҳое ба мисли Тоҷикистон бохти президенти фаъол дар интихоботҳо даҳшат ва барои баъзе шояд фоҷиа намояд. Ба хотир биёред, ки ҳатто Раҳмон Набиев дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ курсии аллакай як бор ғайриқонунӣ холишудаашро бо чӣ душвориҳо холӣ кард. Ҳол он ки мамлакат дар байни хуну оташ буд. Аммо рафтан аз мансабро дар ин ҳолат низ салоҳ намедонист...

Ғайримунтазира будани натиҷаҳои интихобот дар Украинаро бояд чунин фаҳмид, ки дар он ҷо МАЪРАКАИ ВОҚЕӢ сурат гирифтааст ва ҳар номзади шикастхӯрда онро эътироф мекунад.

Аз ин ҷост, ки дар интихобот бохтани, ҳатто раҳбарони қаблиро низ ФОҶИА ва ШАРМАНДАГӢ намедонанд. Балки ин гуна ҷамъбасти маъракаҳои сиёсӣ танҳо маънии аз даст додани умед ва бовари интихобкунандаро дорад, ки барои 5 сол ба президенти пешин бовар карданд.

Ҳукумати қонун! Ин рукни муҳимтарини давлатдорӣ аст.

Ин бори аввал ҳам нест, ки дар ин кишвар чунин иттифоқ пеш меояд. Ёдатон ҳаст дар интихоботи ду дафъа пеш Юшенко, ки як бор президент буд, дар даври дигар ҳатто 5% овоз ба даст наовард? Оё обрӯяш рехт? Бе мансаб мурд? Чизе тағйир ёфт?

Албатта, хеле чизҳо дигар шуданд: Украина соҳиби чанд президенти дигар шуд, мамлакат хеле аз марзҳояшро аз даст дод. Вале, агар Юшенко ҳам сари қудрат мебуд, гумон аст, ки пеши роҳи ин парокандашавиро гирифта метавонист.

Сиёсатҳои феълии ҷаҳонӣ фаротар аз онанд, ки мо тасаввур мекунем. Аммо дар ин кишвар рукнҳои давлатдорӣ қавӣ шуданд ва бидуни шак таъсири худро барои оянда гузошт...

39 нафар муддаӣ будан барои курсии шахси аввал дар мамлакат хеле гап аст. Номҳои нав дар сиёсат ва ҳатман барномаҳои тоза, ки барои ҳукумати баъдӣ коромад мешаванд.

Институти интихобот барои ҳамин муҳим аст. Аз ин ҷост, ки ҳатто президенти собиқ Порошенко, вақте гуфт, аз сиёсат ба таври комил канор намеравад, касе ба ваҳшат наомад. Зеро гуфт, "надоштани мухолифони ҷиддӣ барои Зеленский давлатро ба заъф рӯ ба рӯ мекунад".

Президенти нав ҳам нагуфт, ки акнун бо оне, ки ҷойгузинаш шудааст, душман мешавад. Вақте аз ӯ журналистон пурсиданд, ки оё дар ҳукумати оянда барои Порошенко ҷой хоҳад ёфт, Зеленский гуфт, инро аз мардум хоҳад пурсид ва агар ҷомеа посухи мусбат дод, ҳатман барояш мақоме пайдо мекунад. Дар ин як сол мебинем, ки президенти собиқ мансабе нагирифт. Шояд раъйи ками мардум дар интихобот ҳамон посухи онҳо буд, ки Зеленский ишора кард...

Ин гуна ҳарфи президент ва ҳатто сиёсатмадори одии собиқро, ки мегӯяд президенти нав бояд мухолифи ҷиддӣ дошта бошад, шояд дар мо бархе ҳамчун таҳдид қабул намоянд. Аммо дар мамолики пешрафтаву дурбин назари дигар доранд. Балки пайдоиши мухолифи ҷиддиро як унсури қавии давлатдорӣ меҳисобанд. Ҳатто, агар ин мухолифинро гурӯҳҳое ҷиддӣ нагирифтанд ва дар асл онҳо чандон ҷиддӣ ҳам набуданд.

Аммо ин ки нафари "тасодуфӣ"-е мисли Зеленский бартарӣ дар интихоботро дорад, барои кишварҳои шаклгирифта ҳарфи муҳимест. Ин пеш аз ҳама ба он маъно бояд фаҳмида шавад, ки мардум аз сиёсатбозии шахсиятҳои ба истилоҳ сиёсӣ монда шудаанд. Ҳарфи нав, шахсияти тоза мехоҳанд, ки бо пешиниён ва бозиҳои онҳо олуда нестанд.

Чунин эътироз дар дунё нав нест.

Дар Тоҷикистон ҳам. Ёдатон ҳаст, ки соли 1991 ва 1992 дар мо низ мардум хеле "сиёсатзада" шуданд ва нафарони зиёде даъвоҳои сиёсӣ доштанд. Дар интихоботи президентии соли 1991, ёздаҳ номзад муддаӣ буд. На мисли интихоботҳои феълӣ, ки иборат аз чандин "номзадҳои кисагӣ" аст: номзадҳое ки мераванд дар мулоқотҳо танҳо тавсифи якеро анҷом медиҳанд...

Мегӯянд, охири соли 1992, пас аз буҳронӣ шудани вазъият ва миёнаи ҷанги шаҳрвандӣ, интихоб маҳз сари "Раҳмонови ношинос" дар Тоҷикистон ба ҳамон хотир афтода буд, ки бояд шахсияти комилан аз он моҷароҳо дур ва бе ягон интрига ба саҳна меомад.

Шоҳидон нақл кардаанд, ки элитаи таъсиррасони вақт ҳамин омилро дар интихоби Эмомалӣ Раҳмон асосӣ донистанд. Ба ҳар сурат, дар ёдномаҳо омадааст, ки интихоби Раҳмонови он замон шиносоиаш дар доираи маҳдуд, маҳз ба он хотир пеш омад, ки “элитаи ҳукмрон” (он замон ин гурӯҳро маҳз қумандонҳои пуртаъсири саҳроӣ ва мушовиронашон, ки мегӯянд аз дохил набуданд, ташкил мекарданд) ба хулосае омаданд, ки ин вакили парлумон бо гурӯҳҳои сиёсатбози вақт ҳеч иртибот надошт, амбитсияи хос ҳам ва низ дар замони роҳбарии совхози Ленин дар Данғара ба ба ҷамъ кардани моликият машғул нашуд, аслан шахси дорову сарватманд ҳам набуд. Ишораҳое дар бораи зиндагии одии Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Дорога к согласию”, ки охири солҳои 90 русҳо таҳия карда буданд, зикр шудааст...

Аммо ҳоло сухан дар бораи дороиҳо намеравад, он тавре дар мо инро як рукни муҳим донистан мехоҳанд. Хоса, вақте сухан дар бораи шахсияти нави сиёсӣ меравад, бархе зуд мегӯянд, ки "то одами нав ва пайвандонаш сер мешавад, ки..."

Вале он замон пайдо шудани шахсияти нав маънии дигаре дошт: одамонро ба фардо ва дигаршавии вазъ умед бахшид ва ин омил, тавре дар таҳлилҳо ишора шудааст, дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.

Аз ин дидгоҳ, интихоби "тасодуфӣ" -ҳо метавонад маънои мусбат бигирад. Ҳаводиси Украина инро бори дигар исбот кард, аммо аз ин "тасодуфҳо" кӣ чӣ гуна бардошт мекунад ва ҷойгоҳи худро маълум, ҳарфи дигар аст.

Маънову бардошти ғалат дар ин сурат, аз ана ҳамин нукта бармеояд...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG