Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тезисҳои апрелӣ". Чаро президент ба боғ рафт ва ТВ-ҳо мулоқот бо низомиёнро нишон доданд?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо писараш Рустами Эмомалӣ дар яке аз боғҳои Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо писараш Рустами Эмомалӣ дар яке аз боғҳои Душанбе

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Чаро дар рӯзи овозаҳои коронавирус Раҳмон бо писараш ба боғҳо рафт ва шаб шабакаҳои ТВ мулоқоти ӯро бо низомиён нишон доданд?

103 сол қабл, дар моҳи апрел, иттифоқе пеш омада буд, ки баъдан ба ин ё он шакл сиёсатҳои ҷаҳониро дигар кард. 3 апрели соли 1917 Ленин аз хориҷа ба Петроград баргашта, рӯзи дигараш дар ҷаласаи ҳизбӣ бо суханроние баромад намуд, ки баъдан дар таърихи Ҳизби коммунист бо номи "Тезисҳои апрелӣ" машҳур гардид.

Маҳз 7 апрели ҳамон сол ин матлаб таҳти унвони "Вазифаҳои пролетариат дар инқилоби мазкур" дар нашрияи “Правда” чоп шуд, ки сару садои зиёдро на танҳо дар Русия, балки дар дохили болшевикҳо ҳам ба вуҷуд овард. Ин тезисҳо барномаи амали инқилобчиён дар ҳаводиси баъдӣ гашт, ки нуктаҳои аслиаш иборат аз инҳо буданд:

  • Ягон хел кумак надодан ба Ҳукумати муваққат!
  • Дигар ҷанг бас аст!
  • Замин ба деҳқонон!
  • Тамоми ҳокимият ба Шӯроҳо!

Аммо ҳукумати муваққати подшоҳӣ ин ҳамаро нодида мегирифт ва инро бархӯрди як гурӯҳи ифротиву бесоҳиб мепиндошт. Ин дар ҳолест, ки дар дохилу хориҷ Ленин ва гурӯҳи зери роҳбарии ӯро аллакай чун як нерӯи сиёсии шаклгирифта эътироф мекарданду бо онҳо муносибат доштанд.

Воқеан, моҳияти “Тезисҳои апрелӣ”-ро баҳогузорӣ намудан осон нест. Вале нуктаи муҳимтарин дигар буд: ин даъвоҳо барои амалигардонии таҷрибаи сотсиализми хаёлӣ пас аз ба қудрат расидани коммунистҳо дар тирамоҳи ҳамон сол хизмат намуданд! Таъкиди ин нукта дар ин рӯзҳои апрелии соли 2020, ки ҷаҳон бо бӯҳрони нави коронавирус рӯ ба рӯст, ба назари инҷониб, бо чанд бардошт муҳиманд.

Ҳоло гап сари ҳаводиси 10 сол пеш дар Қирғизистон – кишвари наздиктарини ҳамсоя бо Тоҷикистон ҳам намеравад, ки ҳарчанд аз 1 апрел мухолифини ҳукумат дар манотиқ гирдиҳамоӣ ташкил карданд (иттифоқан ҳамон рӯз дар Тоҷикистон роҳи пулакии байни марказ ва шимоли мамлакат ба фаъолият сар кард), аммо маҳз 7 апрели соли 2010 онҳо “Қасри сафед”-и Бишкекро ба муҳосира гирифтанду президенти вақт Қурмонбек Боқиеву пайвандонаш бо мушкил хоки кишварро тарк карданд.

Президенти феълии қирғиз ин ҳодисаҳоро фаромӯш карда наметавонад. Аз ин ҷост, ки ба муносибати даҳсолагии инқилоби он замон суханронӣ намуд ва гуфт, ки татбиқи идеяи инқилоби апрелӣ вазифаи тағйирнопазири онҳост:

Мо бояд аз ин ҳаводис дарси ибрат бигирем ва имкон надиҳем, ки қароре зидди иродаи мардум қабул шавад!"

Ҳоло гап сари ҳамон ғояҳои сотсиалистӣ меравад, ки ба назари таҳлилгарон, дар ин шабу рӯзи бӯҳронии дунё бори дигар одамонро ба худ мутаваҷҷеҳ намуд.

Аслан бӯҳронҳо доим фикрзоанд ва мафҳумҳое чун адолати иҷтимоиро ҳамеша дар авлавият қарор медиҳанд.

Соли 2008-2009 ҳам, ки ҷаҳон ба бӯҳрони молиявӣ гирифтор буд, мегуфтанд “Капитал”-и Карл Маркс серхаридортарин китоби дунё гашт.

Аммо ҳоло гап дар бораи китоб ва мӯҳтавои он намеравад. Дар бораи коронавирус ҳам намешавад бардошти якхела дошт. Чун баъзан мегӯянд, ки ин бӯҳрон ба сифати “яроқи биологӣ” хизмат мекунад ва гоҳ Амрико Хитой (Чин)-ро муҷрим медонаду баъзан Хитой Амрикоро.

Мешавад гуфт, муборизаи нави сиёсӣ дар ин замина ҳатман рӯ мезанад.

Гуфта мешавад, агар “яроқи ядроӣ” будани коронавирус маълум шавад, эҳтимоли ҷанги сеюми ҷаҳон байни қудратҳо ҳам пеш меояд. Ҳарчанд дар дохили кишварҳо низ гурӯҳҳои сиёсӣ аз вазъи пешорӯ мехоҳанд ба манфиати худ истифода ё суистифода намоянд. Хоса дар Амрико, ки имсол мисли Тоҷикистон интихоботи президентӣ дар пеш дорад. Дар ин замина бархе расонаҳои амрикоӣ, назири Newsweek ҳанӯз аввали феврали имсол хабар доданд, ки Вашингтону Пентагон 7 нақшаи пинҳониро коркард доранд ва ниҳояти онҳо ба табаддулоти ҳарбӣ равона шудааст.

"Идораи мудаввоми ҳукумат", ки дар ин матлаби Уилям Аркин сухан дар борааш меравад, ҳанӯз замони қудрати Эйзенхауэр ва ҷанги сард коркард шудааст ва барномаҳоеро дар бораи ҷанги ядроии байни СССР ва ИМА – вақте роҳбарияти ду кишвар кушта мешаванд, ё корношоям мегарданд, дар бар мегирад. Дар ин сурат, бояд генералитети ҳарбӣ то давраи барқарор кардани низоми демократии идораи давлат, онро ба роҳбарӣ гиранд.

"Ҳукумати эҳтиётӣ", ки дар лексикони сиёсии Амрико аз он истифода мебаранд, дар ин миён танҳо як бор ва он ҳам - 11 сентябри соли 2001 - вақте амалиёти зиддитеррористиро таҳти роҳбарии Ричард Кларк сар карда буданд, истифода шудааст. Тибқи маълумоти ин матлаб, пас аз 12 соати ин ҳолат Ҷорҷ Буши хурдӣ фаъолияти худро идома дод, ҳарчанд дар ин муддат на президент ва на ноиби ӯ, на спикери палатаи намояндагон зарар надида буданду имкони идораи давлатро доштанд.

Айнан мисли ҳамин, дар замони бӯҳрони коронавирус эҳтимоли пеш омадани ҳолат, ба назари коршиносон, вуҷуд дорад. “Зеро коронавирусе, ки тамоми мамлакатро фаро мегирад, моро ба марзҳое рӯ ба рӯ мекунад, ки ҳич вақт набудем”, - гуфтааст як низомии баландмақом ба муаллифи он матлаб.

Яъне сухан дар бораи вазъияте меравад, ки ҳатто кишварҳои абарқудратро ба таҳияи стратегияҳои муҳим водор менамояд.

Дар Туркия ҳам Раҷаб Эрдуғон мухолифони ҳукуматашро, ки дар минтақаҳои алоҳида ҳоло нуфуз доранд ва роҳбарони расмӣ ба ҳисоб мераванд, ба ташкили “давлат дар дохили давлат” муттаҳам намуд. Ҳол он ки сухан дар бораи кумаки ин раҳбарон ба сокинони минтақаи зери нуфузашон дар давраи бӯҳрони короновирус меравад. Президенти турк ба ин назар аст, ки мухолифони ӯ ба ин васила мехоҳанд мардумро ба худ наздик карда, табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.

Дар Италияву Олмон ҳам вазъият осонфаҳм нест. Танҳо кумакҳои Русия ба Италия ҳангоми бӯҳрони коронавирус сару садои зиёдеро ба миён овард ва аллакай назарҳое пайдо шуд, ки Рим ба дастнигари сиёсии Кремл табдил ёфт.

Хулоса, коронавирус, ки ҳоло мардуми одиро ба мушкилоти ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ гирифтор кардааст, раҳбарони сиёсӣ ва ҳукуматдорҳоро ба қазияҳои вазнинтар рӯ ба рӯ менамояд.

Танҳо Душанбе аст, ки ором аст. Дирӯз (6-уми апрел) хабари марги нафаре дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки табибон сабабашро илтиҳоби шуш гуфтанд, мардумро ба таҳлука овард. Аммо президент Раҳмон бо писари шаҳрдораш ба сайри боғҳои Душанбе рафт. Шаб бошад, тамоми шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ суханрониву мулоқоти ӯро бахшида ба рӯзи артиш бо низомиёни мамлакат, ки ҳанӯз 23-юми феврал сурат гирифта буд, аз нав такрор нишон медоданд.

Маълум нест, ки ин нишон додани иқтидори низомии ҳукумате буд, ки ба гуфтаи Раҳмон бо омадани ӯ “ба сифр баробар буд”, ё омили дуркунанда аз ҳангомаи коронавирус (отвлекаюший маневр)?

Ба ҳар сурат, пештар, ки дар Тоҷикистон ягон “гапу хабар” пайдо мешуд, аслан навори ҳаводиси ҷанги шаҳрвандиро нишон медоданду ин бор якбора ист рӯи мулоқот бо низомиён сурат гирифт.

Фаҳмидан осон нест. Ба ҳар сурат, бӯҳрон...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG