Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар таҳқиқоти наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.
Мақомот дар Русия хостаанд, ба муҳоҷирон иҷозат дода шавад, ки бо як патент дар ду минтақаи ҳаммарзи ин кишвар кор кунанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки баъд аз 5-уми феврал навбатпойӣ барои таҳияи ҳуҷҷатҳо ва гирифтани иҷозаи кор дар Русия зиёд шудааст.
“Нозирони зиндон бе огоҳӣ, ҳар вақте хостанд, ба утоқ даромада, хӯрокҳоро ба замин мепартоянд, либосу рахти хобро ба ҳар сӯ меандозанд ва фишори равонӣ меоранд. Агар эътироз кунед, дар ҳуҷраҳои якнафарӣ нигоҳ медоранд.”
Тақдими ҳуҷҷати хона ба як оилаи дигари серфарзанд аз Тоҷикистон, ки тамоми аъзояш шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русияро доранд, дар шаҳри Нижнекамски Тотористон эътирозу моҷаро ба амал овард.
Ба оилаи Акрам Масаидов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, дар шаҳри Качканари вилояти Свердлов хона доданд. Гурӯҳҳои марбут ба миллатгароёни Русия дар Телеграм навиштанд, ки “дар Качканар ҳадди ақал 20 хонаводаи камбизоати рус дар навбат ҳастанд”, вале “муҳоҷирони дирӯзӣ соҳиби хона мешаванд”.
Оҷонсии омори Тоҷикистон чанде пеш гуфт, шумораи муҳоҷирони берункардашуда аз Русия муҳри махфӣ гирифтааст. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон низ эълом дошт, ки бо сабаби якхела набудани маълумот бо мақомоти Русия, Тоҷикистон аз овардани шумораи муҳоҷирон худдорӣ мекунад.
Басбӣ Ҳалимбеки 27-сола аз Тоҷикистон ва шавҳару як фарзанди бемораш дар Қазоқистон бе сарпаноҳ ва бе кору даромад монда, даҳ рӯзро дар масҷиду биноҳои нимсохта ва истгоҳҳо гузарондаанд. Ҳоло дар манзили иҷораи яке аз дӯстон ҳастанд, вале он ҷойро низ бояд ҳарчи зуд холӣ кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, баъд аз махфӣ эълон шудани пулашон, шумораи худи муҳоҷирон низ ба маълумоти махфӣ табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди муҳоҷирон ҳамасола эълон мешуд, ҳарчанд бисёриҳо онро камшуда медонистанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2024 бо 15 кишвар дар мавриди кор зиёда аз чиҳил ҳуҷҷат имзо карданд, то роҳҳои муҳоҷиратро бештар кунанд, аммо Русия ҳамчунон кишвари аслӣ барои кору зиндагии тоҷикон боқӣ мондааст. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф чӣ намерасад?
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон яке аз сабабҳои зиёд ихроҷ ва пас гардондани муҳоҷирони Тоҷикистон аз Русияро ба ҳодисаи ҳамла ба толори консертии Крокус рабт дод.
Ёфтҳои бештар