Украина ба имзои ҳуҷҷате розӣ шудааст, ки иҷоза медиҳад, Иёлоти Муттаҳида ба манобеи табиии ин кишвар дастрасӣ пайдо кунад. Ин созишномаи муҳим дар пасманзари талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина ба даст омадааст.
Раисҷумҳури Фаронса рӯзи 24-уми феврал гуфт, созиши миёни Украина ва Русия метавонад “ҳафтаҳои наздик” ба даст ояд, вале ҳамзамон огоҳ кард, ки ин сулҳ ба маънои “таслим шудани Украина” нест.
Дар се соли ҷанги Русия дар Украина хабарнигорон, аз ҷумла гузоришгарони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, баҳои сангине пардохтанд. Онҳо на фақат аз зери тиру туфанг ва маҳалли даргириҳои сахту хунин гузориш доданд, балки аз ҷумлаи қурбониён низ ҳастанд.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонӣ дар Олмон нишон медиҳад, ки Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ ба пирӯзӣ расидааст. Ин ҳизб муваффақ шуд, ки тақрибан сӣ дарсади орои интихокунандагонро аз худ кунад.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, омодааст, ба хотири сулҳ дар кишвараш аз мақоми худ истеъфо диҳад. Ӯ яке аз роҳҳои расидан ба сулҳро дар пазируфтани Украина ба созмони низомии НАТО донист.
Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупову Украина ду қатъномаи дигаргунаро ба муносибати севвумин солгарди таҷовузи Русия ба хоки Украина пешниҳод кардаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Испания дар тирамоҳи соли 2024 гуфтанд, ки як шабакаи интиқоли маводи кимиёиро ба Русия ошкор карданд. Маҳсулоте, ки бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо фиристодани онҳо ба Русия манъ аст.
Саннет баъди издивоҷи дубора нигоҳубини ду фарзанди худро, ки ҳанӯз 12-сола нестанд, аз даст дод. Додгоҳе дар Қафқози Шимолии Русия соли 2024 қазияро ба фоидаи ҳамсари собиқи вай анҷом дод. Шавҳараш гуфтааст, намехоҳад, ки фарзандон дар дасти падарандар калон шаванд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, аҳволи кишвараш бе кӯмаки Амрико дар муқовимат ба зидди таҷовузи Русия “бисёр ва бисёр бад мешавад.”
Порлумони Қирғизистон қонунеро қабул кард, ки истифода аз насабҳои қирғизиро ташвиқ мекунад. Дар ин кишвар аксарият ҳанӯз пасвандҳои русиро дар насабҳояшон ба кор мебаранд.
Вақтҳои охир дар Эрон мавридҳои кушта шудани занон бо дасти аъзои оилаашон бештар шуда, қатли занон дар ин кишвар ба як хабари одӣ табдил ёфтааст.
Ёфтҳои бештар