Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Рио де Жанейро медали тилло
ба даст овард, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нишони ӯ ба тамоми мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад. Нарзуллоҳи Латиф, хабарнигори Радиои Озодӣ баъди маросими ҷоизадиҳӣ бо Дилшод сӯҳбат кард.