Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз санҷиши ногаҳонӣ ва фишори Раёсати адлияи ин вилоят шикоят доранд. Кормандони чанд созмони иҷтимоӣ рӯзи 17-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот бо поймоли қонунгузорӣ ва бе огоҳӣ ба санҷиш сар кардаанд. Мақомот дар ин бора суҳбат намекунанд.
Зиндони рақами 26 дар Волгоград, ки бо бадрафторӣ ба маҳбусон ном баровардааст, боз дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Ба шикояти баъзе аз зиндониёни тоҷик дар ин муассисаи ислоҳии Русия, маъмурияти маҳбас дигарбора онҳоро ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ маҷбур мекунанд.
Суратҳисоби корти яке аз бонкҳои Тоҷикистон сабаб гашт, ки омӯзгори ботаҷриба Сафаргул Ашӯрматова наздик ба 80 ҳазор сомониро ба ҳаво диҳад. Пуле, ки ӯ аз хешу наздикон бо ҳадафи дарёфти даромад қарз гирифта, ҳоло дигар наметавонад баргардонад.
Дар Русия китоби наверо дар бораи оиладорӣ муаррифӣ карданд, ки барои хонандагони мактаби миёна пешбинӣ шудааст. Назарҳо яксон нест.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар пайванд ба боздошти дастҷамъии муҳоҷирони қирғиз дар як ҳаммоми Маскав ба сафири Русия нота ё ёддошти эътирозӣ супурд. Вазорат тақозо кардааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ҳифз гардад, то шарикии стратегии ду кишвар халалдор нашавад.
Порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҷазо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шавад. Вакилон тарҳи тағйир ба ду банди Кодекси ҷиноиро рӯзи 10-уми апрел қабул карданд.
“Лимит” ё маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳафт моҳ боз идома дошт, рӯзи 11-уми апрел бекор карда шудааст. “Маҳдудияти барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуд,” – гуфт Қурбон Аҳмадзода, сухангӯйи “Барқи Тоҷик” ба Радиои Озодӣ.
Як сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, аз соли 1991 бо хонаводаи Асадулло Ғуломов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон, бар сари як қитъа замин баҳс дорад, аммо ба натиҷае нарасидааст.
Ҳашт шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро рӯзи севуми апрел аз маҳбаси рақами 26-и шаҳри Волгогради Русия ба ҷанг дар Украина бурдаанд. Дар ин бора наздикони онҳо рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як барнома мехоҳад партовгоҳҳои уранро давоми шаш соли оянда дар шимоли кишвар безарар кунад. Барои ин кор 515 миллион сомонӣ (47 миллион доллар) зарур будааст. Тоҷикистон ҳамагӣ 13 миллиони онро хоҳад дод. Маълум нест 502 миллион сомонии дигарро кӣ мепардозад.
Пайвандони Маҳмурод Одинаев, муовини зиндонии раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, гуфтанд, ки “ӯ ба табобат ниёз дорад”, аммо тақрибан як моҳ боз касе ба додашон намерасад.
Мақомот дар Тоҷикистон бо сахттар кардани ҷазо мехоҳанд, ки дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқро камтар кунанд. На ҳама бовар доранд, ки чунин шева роҳи ҳалли масъала аст.
Ёфтҳои бештар