Майкл Оконалл, хабарнигори Радиои федералии ИМА мегӯяд, ки назорат ба фаъолияти ҳукумат вазифаи асосии хабарнигорон аст ва дар Тоҷикистон низ бояд чунин бошад.
Аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон ва ҳамин тавр ҳар сайёҳ ё тоҷир метавонанд дар мӯҳлати 30 рӯз дар сохторҳои зирабти ин кишвар сабти ном шаванд.
Баъд аз зӯҳри 6-уми июн каҳвахонаи маъруфи "Мерве" воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ба коми оташ рафт. Кормандони ин каҳвахона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оташ аз дохили қаҳвахона аланга зада ва ба боми бино печидааст.
Роҳбарияти бозори “Султони Кабир” ба соҳибкорони зарардида аз сӯхтор гуфтаанд, қисман зарари расидаро барқарор мекунанд. Бар асари сӯхтор дар шаби 2-уюми июн ҳудуди 21 мағозаи ин бозор ба коми оташ рафт.
Бо гузашти ду рӯз аз сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳаҷми хисороти тоҷирон дақиқ нашудааст. Худи тоҷирон ҳаҷми зарари худро даҳҳо ҳазор доллар ҳисоб мекунанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 4-уми июн даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати умури дохилиро рад кард.
Бино ба хулосаҳои ибтидоӣ, сӯхтор дар бозори “Cултони Кабир”-и Душанбе аз “расиши ноқилҳои барқ” сар задааст. Дар сӯхтори шаби 2-юми июн беш аз 21 дӯкон ва анборҳои ин бозор ба коми оташ рафт.
Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази пайваст мекунад шаби гузашта пурра фурӯ рафтааст. Дар даҳсолаи ахир ин бори аввал аст, ки як қисмати ин шоҳроҳи асосии Тоҷикистон фурӯ меравад.
Як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ, шоҳроҳе, ки шимоли Тоҷикистонро бо маркази пайваст мекунад шаби гузашта пурра фурӯ рафтааст. Дар чанд соли ахир ин ҳодисаи камназир аст, ки як қисмати ин роҳ фурӯ меравад.
Порлумони Тоҷикистон созишномаеро тасвиб кард, ки интиқоли сарбозони тоҷик ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз манотиқи кишвар бо истифода аз қаламрави Узбекистонро осон мекунад. Ин созишнома рӯзи 30-юми май барои панҷ соли оянда қабул шуд.
Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, ки дар бораи қоидавайронкунии ронандаҳо дар пойтахти Тоҷикистон ба онҳо хабар диҳанд ва аллакай тақрибан 30 ронанда бар асоси шикояти сокинон муҷозот шудаанд.
Игор Лякин-Фролов – сафири Русия дар Душанбе – гуфт, ки Маскав ҷонибдори беҳбуд ёфтани робитаҳои то ҳадде тирагаштаи миёни Тоҷикистону Эрон аст.
Мақомоти Душанбе шикоят доранд, ки афроди номаълум қуттиҳои партовҳоеро, ки барои покиза нигаҳ доштани шаҳр мегузоранд, медузданд. Ангушт ба сӯи ҷавонон аст.
Қабл аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 25-уми май бинои Корхонаи дӯзандагии "Суман" воқеъ дар кӯчаи Сафаралӣ Раҷабови ноҳияи Исмоили Сомонӣ оташ гирифт.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хост, ки даъвои Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷикро бекор кунад.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои наҷотбахши тоҷик, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ тақдим намуд.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳадафи тақвияти нерӯҳои наҷотбахши тоҷик, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллион доллар, таҷҳизоти техникӣ тақдим намуд.
Ёфтҳои бештар