Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,5 млн доллар кумаки СММ ба наҷотбахшони тоҷик. ВИДЕО


Дар шабу рӯзе, ки сокинони баъзе аз гӯшаҳои ҷануби Тоҷикистон бо паёмадҳои офати табиӣ муқобила мекунанд, Барномаи рушди Созмони Милал ба наҷотбахшони тоҷик ба қимати беш аз 1,5 миллион доллар таҷҳизот дод. Ин таҷҳизот аз 6 трактору булдозер, 18 заврақ ва чанд ҳавопаймову чархболҳои бе сарнишин иборат аст.​

Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд.

Фирдавс Ҳакимов, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ихтиёри онҳо қарор гирифтани чунин таҷҳизоти муосир корро осон мекунад. Полковники наҷотбахш ба унвони мисол аз ҳодисаҳои тармафароӣ дар соли гузашта ёдовар шуд.

Ӯ гуфт, “соли гузашта чархболу ҳавопаймои бидуни сарнишин надоштем ва наҷотдиҳандагон водор мешуданд ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба наҷоти осебдидагон шитобанд. Ҳоло бо истифода аз ин таҷҳизоти муосир метавонем бидуни ҳарос ба кумаки осебдидаҳо бирасем”.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дрону қаиқ ва трактори СММ ба наҷотбахшони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Масъулони Барномаи рушди СММ дар ин маросим гуфтанд, ки қарор аст моҳи оянда миқдори бештари чунин ёриҳо ба наҷотбахшони тоҷик тақдим шавад.

Дар як ҳафтаи охир чанд ноҳия дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Фархор ва Панҷ, бо боронгариҳои шадид ва сел даст ба гиребон ҳастанд. Даҳҳо манзил дар ин офатҳо осеб дида, се нафар ҷон бохтаанд. Дар ин манотиқ сокинон интизори кумакҳои башарӣ мебошанд. Вале Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳанӯз ҳаҷми хисороти селҳои охир то охир ҳисоб нашудааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели мушкилоти фаннӣ то ҳол мақомот наметавонанд ҳаҷми хисоротро дақиқ кунанд.

Ӯ гуфт, “дақиқ кардани хисорот кори соддае нест. Зарари ҳар манзили харобшударо бояд ҳисоб кард. То ҳол бештаре аз манзили осебдидаҳо зери об қарор доранд. Ҳатто барои расидан ба ин манзил таҷҳизоти фаннӣ зарур аст. То ҳол маъмурони мо танҳо машғули ба ҷойҳои амн интиқол додани осебдидагон дар ноҳияи Фархор буд. Дар ноҳияи Панҷ, ки пештар бо селобҳо рӯбарӯ шуда буд, мо муайян кардем, ки 48 ҳавлӣ зери лой монда ва онҳо аллакай аз ин лой тоза карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин ноҳия мутахассисони мо 564 ҳавлиро аз назар гузаронида, хисороти онҳоро мушаххас кардаанд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта изҳор дошта буданд, ки наваду панҷ дарсади рустоҳо дар Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарзо воқеъ аст. Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонист ва бештаре аз рустоҳо дар минтақаҳои осебпазир ҷой гирифтаанд.

Соли 2015 президент Эмомалӣ Раҳмон хисороти молии офатҳои табиии ҳарсола дар Тоҷикистонро хеле сангин арзёбӣ карда гуфт, ин натиҷаи гармоиши иқлим аст ва танҳо он сол дар паи сар задани офатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон 600 миллион доллар зарар дидааст.

Соли 2017 дар пайи беш аз 90 офати табиӣ 32 сокини Тоҷикистон ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG