Порлумони Тоҷикистон созишномаеро тасвиб кард, ки интиқоли сарбозони тоҷик ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз манотиқи кишвар бо истифода аз қаламрави Узбекистонро осон мекунад. Созишнома рӯзи 30-юми май барои панҷ соли оянда қабул шуд.
Эмомалӣ Собирзода – муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон – зимни муаррифиии тарҳи созишнома дар порлумон гуфт, дар гузашта мақомот барои интиқоли як “вагон” сарбоз маҷбур буданд, ки бо сохторҳои гуногуни Узбекистон музокирот кунанд. “Ҳоло ин зарурат аз байн рафт”, - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Тарҳи созишномаро Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон, аввали моҳи марти имсол дар Душанбе имзо карданд. Эмомалӣ Собирзода мегӯяд, “созишнома дар маҷмуъ транзити техника ва контингентҳои ҳарбии Тоҷикистонро тавассути қаламрави Узбекистон ба танзим медарорад”.
Дар матни созишнома омадааст, бо ин вуҷуд, ҷониби Тоҷикистон вазифадор аст, барои транзит ё интиқоли борҳои низомӣ ва сарбозон ҳар даъфа аз Тошканд иҷозат бигирад. Ҳамчунин гуфта шудааст, агар мақомоти Узбекистон дар миёни борҳои интиқолшаванда маводеро ошкор кунанд, ки ба амнияти он кишвар хатар дорад, метавонанд транзити онро боздоранд.
Зайниддин Сафаров, муовини раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созишнома асосан бо талошҳои ҷониби Тоҷикистон таҳия ва имзо шудааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба зарурати имзои чунин ҳуҷҷат ниёзи бештар дорад. “Дар гузашта, дақиқтараш 9 соли охир чунин созишнома миёни ду кишвар аслан вуҷуд надошт”, - гуфт ӯ.
Дар солҳои гузашта транзит ё интиқоли сарбозони нав ба қисмҳои низомии Тоҷикистон аз шимол ба ҷануби кишвар ё баръакс бо мушкил сурат мегирифт.
Дар бархе маврид Тошканд бидуни далел аз иҷозат додани транзити наваскарони артиши тоҷик худдорӣ мекард. Ҳолатҳое буданд, ки ҳатто қатори сарбозон дар роҳ ба садама афтод ва сохторҳои Узбекистон барои ҳалли мушкил иқдоме рӯи даст нагирифтанд.
Барои мисол, моҳи октябри соли 2013 қатори мусофирбари Душанбе-Конибодом дучори садама шуда, ҳудуди 65 наваскари артиши тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Мақомоти тоҷик водор шуда буданд, барои идомаи сафари онҳо ва муолиҷаашон худ иқдом кунанд.
Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз замони касби истиқлол то соли ҷорӣ Душанбеву Тошканд дар арсаи низомӣ тақрибан ҳеч ҳамкорӣ надоштанд.
Генерал Назаров афзуд, “соли 2001 Узбекистон якҷо бо Тоҷикистон созишномаи мубориза бо терроризмро дар ҷаҳорчӯби фаъолияти ИДМ имзо карда буд. Аммо аз соли 1998, баъд аз ҳуҷуми гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев аз Узбекистон ба вилояти Суғди Тоҷикистон низомиёни ду кишвар тақрибан ҳамкорие надоштанд”.
Маҳдӣ Собир, коршиноси аршади Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки таҷрибаи фаъолият дар сохторҳои низомии кишварро дорад, аз дубора фаъол шудани ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тавсиф кард. Вай гуфт, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон бо Афғонистони ҷангзада ҳаммарз ҳастанд ва бо таҳдидҳои муштараки амниятӣ рӯбарӯ мебошанд.
“Узбекистон дар солҳои 1991-1992 ба Тоҷикистон ёриҳои зиёди низомӣ карда буд, аммо баъд аз сардии робитаҳои миёни Тошканду Душанбе ин ҳамкориҳо тақрибан аз байн рафтанд. Бо обшавии яхҳо дар робитаҳо ҳамакнун ин ҳамкориҳо дубора аз сар гирифта мешаванд. Хабарҳое паҳн шуданд, ки ҳатто ду кишвар мехоҳанд тамринҳои муштараки низомӣ барпо кунанд" - афзуд ӯ.
Ба арзёбии созмонҳои байналмилалӣ артиши Узбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ қавитарину бо силоҳи муосир муҷҷаҳаз дониста мешавад. Нерӯҳои ҳавоии Узбекистон низ аз замони Шӯравии собиқ ҳавопаймоҳои зиёдеро ба худ ба мерос мондааст.
Коршиносон мегӯянд, ки бо назардошти бештар шудани хатароти ифротгароӣ дар минтақа ва ноамнтар шудани вазъ дар Афғонистон ду тараф фаҳмидаанд, ки тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Тошканд ва Душанбе амри ногузир аст.