Тоҷикистон қасд дорад, аз ширкатҳои хориҷие ба монанди “Гугл”, ки ба сокинони кишвар хадамоти электронӣ пешниҳод мекунанд, андоз ситонад.
Намоишгоҳи 30 мусаввараи инъикосгари симои зани тоҷик рӯзи 5-уми март дар Душанбе оғоз шуд. Коргар, заҳматкаш ва мубориз. Чунин аст симои аксар заноне, ки дар онҳо акс ёфтаанд.
Парлумони Тоҷикистон рӯзи 6 март созишномаи ҳамкориҳои низомии миёни Тоҷикистону Узбекистонро ба тасвиб расонид, ки моҳи августи порсол дар шаҳри Тошканд имзо шудааст.
Вакилони порлумон аз қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди ба маротиб боло бурдани нархи интернет ва сӯҳбатҳои телефонӣ сар аз 27-уми марти соли равон, танҳо пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо огоҳ шудаанд.
Вакилони порлумон аз қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар мавриди ба маротиб боло бурдани нархи интернет ва сӯҳбатҳои телефонӣ сар аз 27-уми марти соли равон, танҳо пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо огоҳ шуданд.
Раиси ҳизби сотсиал-демократ, яке аз аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, чанд муддати охир кампайдо буд, аммо аз саҳнаи сиёсии кишвар нарафтааст.
Суҳбат бо Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар рӯзҳои аввали баҳор ва дар боғчаи назди хонааш дар Душанбе сурат гирифт. Аввал аз хоку об гуфт, баъд аз майдони ноҳамвори сиёсати Тоҷикистон.
Дар давоми се соли наздик корхонаи "Сементи тоҷик", ки дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз фаъолият монда ба ҷои он дар як маҳаллаи наздик ба он корхонаи нави сементбарорӣ фаъол хоҳад шуд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз таҷаммӯи беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳудуди 8 нафар аз бинокорони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, субҳи душанбеи 25-уми феврал ҳини кор аз боми яке аз гунбазҳо ба замин сарозер шуданд.
Даҳҳо нафар аз сокинони Душанбе ва ноҳияҳои атроф, ки бо умеди соҳиби хона шудан дар маркази Душанбе даҳҳо ҳазор долларӣ пардохт кардаанд, мегӯянд, фиреб хӯрдаанд.
Камчин шудани доллар дар бонкҳо ва бо ин баҳона боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар бозори сиёҳ, боиси нигаронии тоҷирон ва сокинони Тоҷикистон шудааст.
Пулиси Душанбе мегӯяд, дар пайи норозигии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи нақлиёт дар пойтахт, садҳо ронандаро ба ҷавобгарӣ кашидааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ошӯбгарон дар зиндони Хуҷанд ҳафт нозири маҳбасро гаравгон гирифта ва дар иваз ба ҳукумат чанд шарт гузошта буданд.
Мақомоти "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ шарҳ доданд, ки чаро ширкат беш аз ду миллиард доллар қарздор аст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистонро рад кард. Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, Тоҷикистон вазъро зери назорат дорад ва дар ҳоли ҳозир “ҳеч хатар аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ эҳсос намешавад”.
Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар бораи муносибат бо Эрон, сарусадо дар бораи афзоиши ҷангӯён ва масоили дигар сӯҳбат кард.
Ёфтҳои бештар