Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе. АКС


Додситонии ноҳияи Синои пойтахт ба таҳқиқи ҳодисаи сарозер шудани ҳашт нафар аз гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе оғоз кардааст.

Ҳашт бинокор субҳи 25-уми феврал аз баландии 33 метр ба замин афтода, бо захмҳои мухталиф дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудаанд. Вазъи як нафари онҳо, ки сокини деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз мебошад, ниҳоят вазнин гуфта мешавад.

Гунбази Масҷиди бузургтарин дар Душанбе 60 метр баландӣ дорад. Яке аз бинокорон дар Масҷиди бузургтарин дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, коргарон ба кафшергарӣ машғул буданд, ки зинапояи зери пояшон ба замин афтодааст.

Ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, онҳо дар як ҳайати тобеи ширкати эронӣ кор мекарданд. Коргароне, ки дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд, сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Данғара мебошанд. Табибон мегӯянд, бинокорон ба оҳану қубур бархӯрда, захмҳои гуногун бардоштаанд.

Зоир Гиёев, яке аз коргарон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҳодиса дар соати 8-45 дақиқаи субҳ дар гунбази асосии масҷид рух дод. Коргарон ба кошикорӣ ва кафшери оҳанҳои гирди гунбаз машғул буданд ва дар ҳамин асно зинаи зери пояшон вазни зиёдро набардошт ва 8 нафар аз баландӣ ба поён афтоданд. Дар вақти ғалтидан ба оҳану бетонҳо бархӯрданд ва барои ҳамин ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд".

Сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Вақте ба беморонаи Қарияи Боло омадем, моро ба Шӯъбаи 5-ум ба бахши "Эҳёгарӣ" роҳнамоӣ карданд. Пушти дари он коргарону наздикони афроди маҷрӯҳшуда ҷамъ омада буданд ва дар назди даромадгоҳ мӯзаву либосҳои кории онҳо меистод.

Муҳаммадалӣ Султонов, коргари дигари сохтмони Масҷиди калон, ки ба аёдати ҳамкорони маҷрӯҳаш омадааст мегӯяд, "агар ин ҳодиса дар соати даҳ ё даҳуним рух медод, теъдоди зиёди коргарон захмӣ мешуданд, аммо субҳ коргарон камтар буданд. Коргарон аслан аз беэҳтиётӣ ва аз вазни зиёди сементу санги зиёд афтоданд. Оҳани зинаҳо каҷ шуда шикаст. Маҷрӯҳшудаҳо аслан коргарони ширкати "Сомон сохтмон" ҳастанд".

Масъулони Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар накарданд ва танҳо гуфтанд, ки Додситонии ноҳияи Сино санҷишро оғоз кардааст ва мунтазири хулосаи таҳқиқот мебошанд.

Зимнан, коргарони ин сохтмон гуфтанд, ки аз музди кори худ розӣ ҳастанд. Ба қавли онҳо, маошашон аз 2 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда то ба 4 ҳазор сомонӣ мерасад.

"Корфармо бояд ҷуброн кунад"

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, дар робита ба ҳодиса дар Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе комиссияи вижаи худро фиристодааст, то ҷузъиёти ҳодисаро омӯхта ва натиҷаи онро ба вазорат пешниҳод кунанд.

Як мақоми баландпояи ин вазорат рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз таърихи 5 июли соли 2014 "Дар бораи тартиби гузаронидани тафтиш ва баҳисобгирии ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ва тартиби пардохти ҷуброн", дар ҳолати рух додани ҳодисаи нохуш, корфармо муваззаф аст, ки коргарро бо доруву даво ва дар мӯҳлати табобат бо ҷои будубош таъмин кунад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон бар асоси ин қарор корфармоҳо дар сурати рух додани ҳодисаи нохуш вазифаи худро иҷро мекунанд.

Ҳуқуқшинос Абубакр Қулматов мегӯяд, бар асоси тағйиру иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон дар бораи меҳнат, дар сурати дар ҷараёни кор захмӣ ва ё ҷароҳат бардоштани коргар, ӯ аз тарафи корфармон ҷуброн карда мешавад. "Чуноне, ки дар замони шуравӣ дар чунин ҳолатҳо зарари ҷисмонии коргар дар истеҳсолот аз тарафи корфармо пардохта мешуд, ҳоло қонун заминаи ҳуқуқии онро фароҳам овардааст ва он тараф ба виҷдони корфармо ҳам рабт дорад",-афзуд Абубакр Қулматов.

Бузургтарин масҷид дар Осиёи Миёна

Масҷиди бузургтарин дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории то 150 000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз чаҳор манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 60-метрӣ иборат аст.

Бемористони Қарияи Боло
Бемористони Қарияи Боло

​Дар гузашта гуфта мешуд сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони бино 70 миллион доллар ҷудо кардааст.

Тоҷикистон ҳам мегӯяд, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад. Ба қавли мақомот, ин калонтарин масҷид дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Тагсанг ё хишти аввали сохтмони масҷид соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари сокинони мусалмони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG