Гуруҳе аз сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, солҳои тӯлонӣ аст, ки мунтазири гирифтани як порча замин ҳастанд, вале ба онҳо замин намедиҳанд. Чаро? Дар ин видео бубинед.
Абубакр Самиев, падари Наимҷон Самиев як рӯз баъди содир шудани ҳукми додгоҳи Исфара дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедвори озод шудани фарзандаш буданд, вале эълони ҳабси ӯ ба мӯҳлати 15 сол онҳоро рӯҳафтода карда, хобу хӯрашонро гум кардаанд.
Шаби 5-уми апрели имсол дар Душанбе ва минтақаҳои дигар борони сахт борид ва, ба қавли сокинон, нишон дод, ки ҳатто пойтахт ба таври бояду шояд барои муқобила бо офатҳои табиӣ омода нест. Бо гузашти се рӯз аз борону сел, идораҳои коммуналӣ ҳанӯз паёмадҳои ин фалокатро дар Душанбе тоза мекунанд.
Як боғбони тоҷик ба хотири чаҳор сайёҳи хориҷӣ, ки соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон кушта шуданд, чаҳор ниҳоли зардолу шинонд.
Баъзе аз занони тоҷик мегӯянд, пухтани суманак - ғизои асосии Наврӯз - қоидаҳои худро дорад. Агар риоя кардӣ, солро ба хушӣ мегузаронӣ, вагарна бо ғам. Чӣ гуна? Дар ин видео бубинед.
Бинои як мактаб дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол пеш бо харҷи ним миллион сомонӣ кумаки билоивази созмонҳои ҷаҳонии молӣ сохта шуд, ба вайрона табдил ёфтааст. Мактаби рақами 41-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб чун иморати ҷашнӣ ба истифода дода буданд.
Бинои як мактаб дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, ки дувоздаҳ сол пеш бо харҷи ним миллион сомонӣ кумаки билоивази Бонки Ҷаҳонӣ сохта шуд, ба вайрона табдил ёфтааст. Мактаби рақами 41-ро дар рӯзҳои таҷлил аз 2700-солагии Кӯлоб чун иморати ҷашнӣ ба истифода дода буданд.
Дар ҷашни Наврӯз Фотима Воҳидова аз ноҳияи Данғара ҳамсояву дӯстонашро сари хони идона даъват кард. Ин модар 5 сол мешавад, ки ду писари ноновари хонаашро надидааст.
Дар ҷашни Наврӯз Фотима Воҳидова аз ноҳияи Данғара ҳамсояву дӯстонашро сари хони идона даъват кард. Ин модар 5 сол мешавад, ки ду писари ноновари хонаашро надидааст. Модарони деҳа дар сари хони наврӯзӣ ёди азизони муҳоҷири худро мекунанд.
Деҳқонҳои тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон пеш аз фаро расиданаи баҳор ва дар шабурӯзи Наврӯз 12 навъи ғалладонаро тар мекунанд ва баъди сабзидани донаҳо маълум мекунанд, ки кадом навъи он дар соли нав ҳосили хуб медиҳад. Ин анъана дар миёни кишоварзон бо номи “фолгирӣ” машҳур аст.
Як зани 81-сола дар вилояти Хатлон бахше аз пули нафақаашро, ки чанд сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ, яке аз фарзҳои дини ислом, ҷамъ оварда буд, дар сохтмони пул ё купрӯки маҳаллаашон сарф кард.
Дар шаҳри Кӯлоб пули зиёди фарсуда дар гардиш аст, ки баъзан мояи баҳс ва ҷанҷоли фурӯшандаву харидор мешавад.
Як корманди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки моҳе пеш аз кор ронда шуд, мақомоти ин муассисаи таълимиро ба додгоҳ кашидааст.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз таҷаммӯи беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон хабар доданд.
Ёфтҳои бештар