Як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми ҷой кардани сездаҳ сӯзан дар бадани тифлаш ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд. Муҳайё Ёқубова то замони ба иҷро даромадани ҳукм ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ хоҳад буд. Даҳ рӯз фурсат дорад, то аз рӯи ҳукм шикоят кунад.
Пойкӯбӣ, ҳаракатҳои оромонаи даст, қарсак ва даврзанӣ зери навои ғамангези дафу рубоб. Ин рақси хоси мардуми Бадахшон аст, ки танҳо дар рӯзи мотами шахси наздик иҷро мешавад ва пойамал ном дорад.
"Гӯшаи амрикоӣ" дар шаҳри Бохтар ба 60 тан аз занону духтарон давоми 6 моҳ истифодаи компютер ва интернетро меомӯзонад. Бештари ин духтарон ва занон аз деҳоти дурдасти Хатлонанд ва бори аввал пушти дастгоҳи компютер менишинанд.
Бо гаронтар шудани қимати билетҳо муҳоҷирони тоҷик ҳарчӣ бештар бо автобус ба Русия сафар мекунанд.
Баъд аз чандин моҳ яке аз бузургтарин корхонаҳои мурғпарварӣ дар ҷануби Тоҷикистон, дигарбора ба истеҳсоли гӯшти мурғ шуруъ кард.
Ҷамолиддин Ашуров, сокини 28-солаи ноҳияи Фархор мошине сохтааст, ки ба гуфтаи худаш дар 100 километр се литр сӯзишворӣ масраф мекунад. Худатон ин мошинро бубинед.
Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст.
Қурбонгул Солиҳова, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Хуросон, як ҳафта боз дар манзили худ шабро саҳар намекунад. Тарси ӯ аз як навъ ҳашаротест, ки дар хонаи ӯ пайдо шудааст. Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ин ҳашаротро “чилпо” меноманд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, розӣ аст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ бояд матлабҳои танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Дигарон чӣ мегӯянд?
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар назди хабарнигорон ба раҳбарони телевизионҳои давлатӣ таъкид кард, ки ба муҳтавои реклама ё таблиғот диққат диҳанд.
Маъмурони милисаи шаҳри Хуҷанд афродеро ҷустуҷӯ доранд, ки катибаи "I love Khujand"-ро бо хости худ "таҳрир" кардаанд. Мақомот мегӯянд, баъзе аз ҷавонҳо дар ин катиба, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, номи худ ва дӯстдоштаашонро навиштаанд.
Ин арзи муҳаббат ба шаҳри худ аст. Ҷойе барои сурат гирифтан ва тамошост, аммо...
Ду духтари як сокини Ваҳдат, ки ба бемории нодире гирифтор буданд, якбора фавтиданд ва модари ғамхор ва хоҳари 25-солаашонро, ки айни бемориро дорад, дилреш карданд.
Қасди худсӯзии як зани 68-сола дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд боис ба барканории се маъмури милиса шудааст.
Хонаводаи Бадриддин Садриддинов то чанд рӯз пеш дар як кулбаи тангу тор дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекард. Кулбае, ки на дару девори дуруст дошт, на ҷойи хоб.
Хонаводаи Бадриддин Садриддинов то чанд рӯзи пеш дар як кулбаи тангу тор дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекард. Кулбае, ки на дару девори дуруст дошт, на ҷойи хоб. Ҳоло ин хонавода соҳиби як манзили бист ҳазордолларӣ шуд. Чӣ гуна? Дар навор бубинед
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуруҳе аз сокинон бо як ҳамдеҳаашон ҷанҷолу даъво доранд, ки роҳашонро гирифтааст. Кӣ ҳақ аст, сокинон, ё баръакс, касе, ки хона сохтааст. Худатон бубинед.
Як табиби тоҷик барои роҳ додан ба иштибоҳ, ки боис ба марги духтари дувоздаҳсола шудааст, ба сеюним сол ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Дониёр Шермуродов баъди адои ҷазо, якуним соли дигар аз ҳаққи машғул шудан ба кори пизишкӣ маҳрум шудааст.
Ёфтҳои бештар